Як хонаводаи бознишаста дар Хуҷанд аз ҳисоби пули нафақаи худ ба хонаводаҳои мӯҳтоҷу камбизоат нони бепул тақсим мекунад. Онҳо дар мавзеи ба истилоҳ Универмаги шаҳр дар қуттие, ки “Сандуқчаи сеҳрнок” ном мебаранд, ҳамарӯза 10 дона нон, як миқдор шакар ва барои кӯдакон ширинӣ мегузоранд. Ташаббускорони ин иқдом мегӯянд, нафарони дигар низ метавонанд бо ин кори хайр ҳамроҳ шаванд ва ба оилаҳои камбизоат кӯмак кунанд. Онҳо тасмим доранд дар марказҳои 18 шаҳру наҳияи вилояти Суғд чунин усули тақсими нонро ба роҳ монанд, аммо на бо пули нафақа, балки бо маблағҳои соҳибкорон.
Бисоҷида ва Раҳматулло Ғиёсовҳои 67 ва 70-сола дар шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза аз ҳисоби нафақаи худ барои харидориву тақсими нон ба хонаводаҳои камбизоат 40 сомонӣ ҷудо мекунанд.
Бисоҷида Ғиёсоваи нафақахӯр ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо “Сандуқчаи сеҳрнок”-ро наздик ба растаи нонфурӯшон гузоштанд. Ба фурӯшандагони нон ин ҷуфти бознишаста маблағ медиҳанд, ки онҳо ҳар субҳ 10 донаӣ нони 3,5 сомонӣ ва баъзе аз шириниҳо мегузоранд. Ӯ гуфт, ин кори хайр якрӯза нест ва идома медиҳанд. Ҳар касе метавонад тариқи ин сандуқҷа ба оилаҳои камбизоат нон ва ё дигар маҳсулоти хӯрокии ройгон гузорад.
“Ман 600 сомонӣ нафақа мегирам ва шавҳарам зиёдтар, нони ройгон аз нӯги он нафақапулӣ хайроти мо аст. Мо ҳамаи фарзандҳоро хонаву ҷой кардем ва хотирамон ҷамъ аст. Пиронсолони бефарзанду танҳомонда ҳастанд, камбизоатон, серфарзандон ҷойи кор кам аст. Ин хайрот барои дастгирии ҳамин гуна одамон аст”.
Дар ҳоле ин оилаи бознишаста ҳисае аз пули нафақаи худро барои ёрии хонаводаҳои камбизоат ҷудо кардаанд, ки як бознишастаи дигар мегӯяд, ҳоло хонаводаҳои ниёзманди нону хӯрок зиёданд.
Абдумаҷид Тошматови бознишаста ҳам аз ин нони ройгон баҳрвар мешавад ва мегӯяд, нафақаи ӯ барои зиндагияш басанда нест.
“Ман 300 сомонӣ нафақа мегирам, ҳисоб кунед ба зиндагиям басанда нест. 15 фоиз зиёд шуд гуфтанд, 30 сомонӣ болои нафақаам ҳамроҳ шудаст. Худованд аз аввал ризқи ҳамаро додагӣ аст, инҷо омадам, ки ризқам дар ин ҷой будаст ва нони ройгон гирифтам”.
Аммо ҳоло на ҳама роҳгузарон аз ин “Сандуқчаи сеҳрнок” огаҳанд, ки дохилаш нони ройгон аст ва ниёзмандон метавонанд бигиранд. Ҷонибдорони ин иқдом давоми чанд рӯзи ахир дар Хуҷанд зиёд шудааст ва фурӯшандагони нон низ мегӯянд, замоне сандуқча бенон монд, онҳо низ то ҷое аз ҳисоби худ нони ройгон мегузоранд.
Мавлуда Султонова, нонфурӯши назди Қасри Ҷавонон гуфт ӯ низ дар як рӯз то ду-се дона нони ройгон аз ҳисоби худ мегузорад.
“Вақте нон тамом мешавад, мо нонфурӯшҳо низ аз ҳисоби худамон нон мегузорем ё ин ки барои бачаҳо ширинӣ мехарем ва мегузорем, ки мехоҳем дар ин иқдом ҳамроҳ ба кори хайр саҳми худамонро гузорем. Ҳоло ба ҷузъ сокинони шаҳри Хуҷанд, аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров низ омада ниёзмандон нони ройгон бурда истодаанд”.
Гурӯҳе мегӯянд, дар як вазъияти душвори иқтисодӣ, ки бемории ҳамагири коронавирус ба сатҳи зиндагии хонаводаҳо таъсир расонид ва нархи маҳсулоти хӯрока дар бозор якбора гарон шуд, ин иқдом саривақтӣ аст.
Марҳабо Турсунзода, як сокини Хуҷанд ин андешаро дорад, ки чунин сандуқчаҳои сеҳрнокро бигузор на дар як ҷой, балки дар дигар гӯшаву канори шаҳр низ гузоранд. То ин ки хайрхоҳон бо ин васила ба оилаҳои ниёзманду бебизоат маводи хӯрокӣ пешниҳод кунанд.
“Баъзеҳо мегӯянд, ки Ҳаҷ рафтан даркор, бинед, ки имкони сафар нест, роҳҳо баста аст. Бигузор ҳамин корҳои хайрро ташкил кунанд беҳтар аст”.
Рустам Раҳматулло, соҳибкор ва фарзанди оилаи Ғиёсовҳо ба “Азия Плюс” гуфт дар Хуҷанд падару модараш аз ҳисоби нафақаи худ ва дар марказҳои 18 шаҳру навоҳӣ ӯ аз ҳисоби маблағҳои худу соҳибкорони дигар чунин қутиҳоро гузоштанӣ аст. Дар ин маврид ба мақомоти Суғд мактубе ирсол кардааст ва мегӯяд иҷозати мақомот низ муҳим аст. Вай бар он ақида аст, ки соҳибкорони зиёдеро медонад ва дар шаҳру навоҳӣ идеяи тақсими нони ройгонро ҷонибдорӣ мекунанд ва алакай аз омодагии худ дар иҷрои ин кори хайр гуфтаанд.
“Ман ҳоло танҳо тасмими ташкили ин корро карда истодаам ва намедонам аз ҳисоби кадом маблағ сандуқҳои 18 шаҳру ноҳияро мегузорем, лекин ман ният кардам ва ҳатман мекунам. Хоҳ аз ҳисоби худам ва ё хоҳ шогирдони соҳибкорам ва ё аз ҳамон шаҳру ноҳияҳо соҳибкор меёбам. Ман бовар дорам, ки дар ҷойҳо ин ташаббуси маро дастгирӣ мекунанд”.
Дар пештоқи қуттии хайриявӣ навиштаҷоте, ки “Касе аз сандуқча мегирад, сер мешавад ва касе чизе мегузорад умраш дароз мешавад” гузоштаанд. Маъмулан ҳар каси хайрхоҳ баъди хондани он чизеро барои камбизоатон мегузорад ва ё нафаронеро барои хайрхоҳӣ даъват мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста