Дар Тоҷикистон китоби омӯзишии "Худомӯзи саводи расонаӣ" нашр шудааст, ки шакли электронии он дастраси ҳамагон аст, хабар медиҳад маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
Муаллифи китоб Илҳом Ҷамолиён, рӯзноманигори варзида, номзади илмҳои филологӣ, сармуаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Дар муқаддимаи китоб зикр шудааст, ки саводи расонаӣ як қатор малака ва маҳоратҳоеро, ки барои ҷустуҷӯи самаранок, таҳлили интиқодӣ, истифода ва интишори иттилооту муҳтаво, дарки аҳамияти ҳуқуқи инсон дар интернет, тарзи муқовимат бо сайберозорӣ ва хушунат дар фазои маҷозӣ, дарки масъалаҳои ахлоқии марбут ба дастрасӣ ва истифодаи иттилоот, ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ҷиҳати мусоидат ба баробарӣ, озодии баён, муколамаи байни фарҳангҳо, сулҳ ва ғайра заруранд, фаро мегирад.
Худомӯзи саводи расонаӣ аз 10 дарс иборат мебошад. Матни он тавъам бо инфографикаи тафсирӣ хонандаро бо алифбои расонашиносӣ, тафаккури интиқодӣ, диҷитолшиносӣ, тарғиботшиносӣ ва шинохти шеваҳои дасткорӣ, далелсанҷӣ ва расонаҳои рақамӣ, интернетшиносӣ, шинохти шабакаҳои иҷтимоӣ, шеваҳои худмуҳофизатӣ ва амнияти рақамӣ ва ғайра ошно месозад.
Дар поёни ҳар дарс суолномае доир ба мавзӯи азхудшуда пешкаш мешавад.
«Худомузи саводи расонаӣ» ҷанбаи умумии омӯзишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна ва одамони касбу пешаи гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорон қарор гирад.
Китоби мазкурро метавонед аз ин ҷо боргирӣ намоед: https://bit.ly/3oTpKhg
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” нашр шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста