Бар асари пандемияи COVID-19 дар муқоиса бо соли 2019 вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон ба андозаи 77,7% кам шуд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори ин кишвар, соли гузашта 1,5 млн нафар сайёҳони хориҷӣ аз кишвари ҳамсоя боздид кардаанд.
Соли гузашта 508 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 424,1 ҳазор - шаҳрванди Қазоқистон, 337,5 ҳазор - шаҳрванди Тоҷикистон ва 81,6 ҳазор - шаҳрванди Русия сайру саёҳат ба Ӯзбекистонро ихтиёр кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳамагӣ 2 млн нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сифати сайёҳон аз дигар кишварҳо боздид кардаанд, ки 86,3% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2020 зиёда аз 410 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки 909 ҳазор нафар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 аст.
Мувофиқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, миёни онҳо беш аз 350 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳон арзёбӣ мешаванд. Шумори сайёҳони хориҷӣ дар муқоиса бо соли 2019 ба андозаи 72,2% кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2020 ба хориҷи кишвар рафтаанд, 740 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 33% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.