Директори маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ аз аҳолӣ даъват кард, ки ба таҳлука наафтода, фикри дар Тоҷикистон боқӣ намондани маҳсулоти хӯроквориро аз сар дур кунанд.

Дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди вазъи амнияти озуқаворӣ Хуршед Зиёӣ изҳор дошт, ки “дар ҷаҳони муосир ҳамаи кишварҳо бо ҳам муттаҳиданд ва дар ҳолатҳои ғайриинтизор ба кумак омодаанд”.

Мебояд хотиррасон намуд, ки соли гузашта бо оғози пандемияи коронавирус оид ба масъалаи кифоя будани маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон мардум ба ташвиш афтода, ба харидани миқдори зиёди маҳсулоти мавриди ниёзи аввал шитофтанд, ки дар натиҷа нарх ба онҳо бамаротиб боло рафт.

Бино ба маълумоти Агентии омор, соли 2020 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 9,4%-ро ташкил дод, ки нишондиҳандаи рекордӣ аст. Дар ин замина нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 13% боло рафт.

“Ман бо ҳамсояам дар ин мавзӯъ суҳбат доштам. Ӯ бо нархи хеле гарон панҷ халта орд харида, ҳамаи пулашро харҷ кард. Лекин дар хонаҳои баландошёна нигаҳдории он душвор аст, аз ин рӯ, лозим омад, ки халтаҳоро дар хонаи хешовандонаш гузорад. Рӯзи дигар нархҳо поин рафта, ҳамсояи ман ҳам бепул монду ҳам бе орд”, - мегӯяд Зиёӣ.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҷаҳони муосир ба таҳлука афтодан дар мавриди боқӣ намондани ғизо маънои онро дорад, ки чанде аз одамон ҷаҳонбинии носолим доранд.

“Ҳатто агар ягон маҳсулоте тамом ҳам шавад, сохторҳои давлатӣ бо дастгирии созмонҳои байнулмилалӣ хеле зуд ба ин мушкил расидагӣ мекунанд”, - гуфт Зиёӣ ва итминон дод, ки ҳукумати Тоҷикистон ин масъаларо ҷиддӣ зери назорат дорад.

Мувофиқи иттилоияи МТС, соли гузашта дар Марказ оид ба масоили марбут ба стратегияҳои сармоягуузории таъмини рушди кишвар, стратегияи рушди соҳибкорӣ, таъсири коронавирус ба ҳаёти иҷтиомӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ таҳқиқоти зиёд гузаронида шудааст.

Лекин бо кадом сабабе онҳо маълумот дар бораи натиҷаҳои ин таҳқиқотҳоро пешниҳод кардан нахостанд.

“Натиҷаҳои таҳқиқотҳоро ба ҳукумат пешниҳод кардем, метавонед ба онҳо муроҷиат кунед”, - маслиҳат дод Зиёӣ дар посух ба савол дар бораи таҳқиқот оид ба коронавирус.

Зикр шуд, ки мутахассисони Марказ дар корҳои таҳияи Кодекси нави андози ҷумҳурӣ, ки имрӯзҳо миёни аҳли ҷомеа ва коршиносон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, иштирок кардаанд.

Вақте рӯзноманигорон дархост намуданд, ки дар бораи ин лоиҳа шарҳе дода шавад, мутахассисони МТС тавсия доданд, ки ба интернет рӯ оваранд...

“Лоиҳаи қонун аллакай нашр шудааст, дар интернет бо он шинос шуда метавонед”, - гуфтанд онҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.