Дар натиҷаи татбиқи “Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Тоҷикистон” давоми солҳои 2012-2020 дар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 1,6 млн ҷойи корӣ таъсис дода шуд, изҳор дошт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода дар мусоҳиба ба нашрияи ҳукуматии “Ҷумҳурият”.

Ӯ қайд кардааст, ки дар ин замина бо мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолии вазорат 451,3 ҳазор шаҳрванд дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ бо ҷойи кор таъмин гашт.

Дар ҳамин ҳол, Амонзода таъкид мекунад, ки дар ин давра шумори аҳолии таъмин бо шуғл дар ҷумҳурӣ 137,8 ҳазор нафар афзуд: аз 2 млн 291,5 то 2 млн 463,4 ҳазор нафар.

Ин шояд маънои онро дошта бошад, ки аксарияти ҷойҳои кории дар ин давра таъсисёфта муваққатӣ буданд ва минбаъд баста шуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, то 1 январи соли 2021 шумори аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 9,5 млн нафарро ташкил дод.

Қувваи корӣ (бо шуғл таъмин ва бекорони расман сабтшуда) 2 млн 467 ҳазор нафарро ташкил дод, аз ҷумла 2 млн 417 ҳазор (98,0%) дар иқтисод бо кор таъмин буда, 49,9 ҳазор расман мақоми бекорӣ доранд, ки ба 2% аз қувваи корӣ баробар аст.

Дар Агентии омор қайд мекунанд, ки соли 2020 дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, аз ҷумла 33,3 ҳазор - ҷойҳои кории доимӣ, 38,8 ҳазор - ҷойҳои кории муваққатӣ ва 8,4 ҳазор - ҷойҳои кории мавсимӣ.

Давоми моҳҳои январ-декабри соли гузашта 10,4 ҳазор нафар бо ташаббуси маъмурият дар рухсатӣ қарор доштанд, аз ҷумла 7,9 ҳазор нафар бе нигаҳдории музди меҳнат.

Ба иттилои манбаъ, 200 нафар дар реҷаи ҳафтаи кории нопурра ва рӯзи кории нопурра фаъолият доштанд.

Музди меҳнати миёнаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли гузашта 1 ҳазору 642 сомонӣ (145 доллар)-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки сокинони Тоҷикистон барои дарёфти кор бо маоши шоиста ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва асосан ба Русия мераванд.

Ҳамасола тақрибан 500 ҳазор нафар ба пулкоркунӣ рафта, дар ҳамин ҳол, аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ тирамоҳ ба ватан барнамегарданд ва дар кишварҳои қабулкунанда боқӣ мемонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.