Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳурявии кӯштии миллии ҷоми "Пойтахт -2021" баргузор мешавад, ки барои ғолибон 4 автомошина ва 100 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ ҷоиза тақдим мешавад. Гуфта мешавад ҷоизаҳоро шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои паҳлавонон ихтисос додааст.
Абдулло Саидхоҷаев, котиби генералии Федратсияи миллии “гӯштингирӣ” ба "Азия-Плюс" мегӯяд, ин мусобиқаи калони кӯштии миллӣ рӯзҳои 20-21 март дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе баргузор мегаданд, ки дар он Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ширкат мекунад.
Ин масъули кӯштии ҷоми "Пойтахт-2021" мегӯяд, ки ҷаҳор мошини шоҳҷоизаи сабқат "Тойота-Авалон", "Тайота Камри Солариа" ва 2 "Хюундай"-и модели нав хоҳанд буд, ки ҳар кадоме бо қиммати аз 10 то 20 ҳазор доллар харида шудаанд. Ба ҷуз шоҳҷоизаҳо барои ғолибони ҳар давр дар ҳар вазн мукофоти пулӣ аз 200 сомонӣ то 10 000 сомони дода мешавад.
Сабқати имсола тибқи қоидаҳои нави кӯштии миллӣ, ки аз сӯйи Федератсияи ин навъи варзиш Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш қабул шудааст, сурат мегирад. Паҳлавонон дар вазнҳо -65кг, -75 кг, -90 кг, ва +90 ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Дар ин сабқат ширкати дастаҳои мунтахаби ВМКБ, ду даста аз вилояти Хатлон, дастаи вилояти Суғд, дастаи минтақаи Рашт, ду даста аз шаҳри Душанбе ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар назар аст.
Ба гуфти Абдулло Саидхоҷаев, худи Рустами Эмомалӣ ба ҳар як дастаи варзишгарон 8 либосӣ ягонаи кӯштии миллӣ, ки ба тозагӣ таҳия шудаанд, тақдим мекунад. Ғайр аз паҳлавонон, боз ба меҳмонони фахрии ҳозир дар чорабинӣ, ки 20 нафарро ташкил медиҳанд, ҳамчунин либоси гкӯштии миллӣ тақдим карда мешавад.
Дар Тоҷикистон ҳамсола бо оғози ҷашнгириҳо аз Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои сабқатҳои варзишӣ, аз ҷумла мусобиқоти кӯштии миллӣ бо ҳузури паҳлавонони саршиноси Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мешавад, ки дар ин сабқатҳо ҷоизаҳои гаронарзиш, аз ҷумла автомашинаҳо гузошта мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста