Дар «Майдони ситора»-ҳои шаҳри Хуҷанд бо иқдоми шаҳрдорӣ ва дастгирии ҳукумати вилояти Суғд бахшида ба Иди Наврӯзи байналмилалӣ «Боғшаҳри наврӯзӣ» бунёд шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди боғшаҳр дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврӯзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврӯз гузошта шуданд.

Гуфта мешавад, «Боғшаҳри наврӯзӣ» аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат буда, дар меҳвари майдон дарахти рамзии зардолу бо андозаи 15 метр, ду адад рамзҳои арчамонанди наврӯзии 11 метрӣ низ насб карда мешаванд.

1/10

“Ҳамчунин ду адад рамзи дуюми наврӯзӣ, ки намуди доирашакл доранд, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, нақшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз — 2021” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст, гузошта шудааст”, - омадааст дар маълумоти шаҳрдорӣ.

Зикр мегардад, ки гузашта аз ин дар канори «Боғшаҳри наврӯзӣ» хаймаҳои наврӯзӣ низ ташкил карда мешаванд, ки дар он асосан туҳфаҳои наврӯзӣ ба фурӯш гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.