Дар симои саҳнавӣ ва суруди Манижа "Русская женщина", ки бо ин тарона ӯ Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ мекунад, қонуншиканӣ нест. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ додаанд.

Чанде пеш намояндагони ҷомеа аз болои ин суруд шикоят бурда, дархост намуданд, ки парванда боз шуда, намоиши навори видеои он қатъ карда шавад. Дар Кумитаи тафтишот изҳор доштанд, ки ин муроҷиатро баррасӣ мекунанд.

“Агар дар муроҷиат аломатҳои ҷиноят ҷой дошта бошад, пас он метавонад ба мақомоти тафтишот равона гардида, роҳбари он ба оғози баргузории санҷиши мурофиавӣ ҳуқуқ дорад. Лекин дар ин ҳолат чунин сурат гирифтани кор ба гумон аст, чунки мавҷуд набудани ягон аломати фаъолияти ғайриқонунӣ возеҳу аён аст”, - гуфтааст манбаъ.

Қаблан Созмони мухтори ғайритиҷоратии “Ветеранские вести” ба роҳбари Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин дар ин маврид муроҷиат карда, дархост намуданд, ки барои ифротгароӣ (экстремизм) нисбат ба Манижа парванда боз шуда, намоиши навори видеои ҳунарнамоии ӯ қатъ гардад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳунарнамоии саҳнавии Манижа дар таронаи Russian Woman “шаъну эътибори занони русро аз рӯйи аломати муносибат ба миллат дағалона пасту таҳқир мекунад”.

Овозхон Manizha бо таронаи"Русская женщина" (Russian woman) моҳи майи соли 2021 аз Русия дар озмуни "Евровидение" дар Роттердам намояндагӣ мекунад.

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳанарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди "Подари жизнь" (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 - сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад. Ба гуфтаи сароянда, таронаи Russian Woman тағйирёбии худогоҳии занонро тайи чандин садсола дар Русия таҷассум мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.