Дар Душанбе, дар мавзеи Чавалай рӯзи 28 март мусобиқаи навбатии “Бузкашӣ” доир гардид, ки аз иштирокчиёни он ҷасорату чолокӣ ва пурқувватиро талаб мекунад. Ин чорабинӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз баргузор шуда, ҳарчанд борони пуршиддат меборид, лекин он ҳам ба баргузории мусобиқа монеъ шуда натавонист.

Бузкашӣ, улоғ, (кӯпкорӣ) - мусобиқаи бузкашӣ дар миёни мардуми тоҷик хеле маъмул аст. Як рӯз пеш бузеро сар мезананд ва дар об тар карда мегузоранд. Рӯзи бозӣ дар як майдони васеъ гурӯҳи иштирокчиёни мусобиқа (човандозон) ҷамъ омада, дар оғози мусобиқа ин танаи буз миёни миёни човандозон партофта мешавад.

Дар мусобиқаи бузкашӣ човандозон барои аз дасти ҳариф гирифтану ба ҷойи таъиншуда расондани бузи сарбурида рақобат мекунанд ва нафаре пирӯз мешавад, ки аз миёни издиҳоми бузурги човандозон бузро бигирад ва онро ба марра бирасонад.

1/8

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.