Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Данғара вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо кормандони МД нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ин ноҳия суҳбати корӣ анҷом дод.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, суҳбат зззамоне барпо шуд, ки кормандон дар ҳудуди истироҳатгоҳи “Баҳри кабуд” ба тозакунии ҷуйборҳо (лотокҳо) ва бартарафсозии сангҳои дар роҳ фуромада машғул буданд.
“Кормандон изҳор доштанд, ки музди меҳнаташонро сари вақт мегиранд, аммо аз сифати пасти либосу пойафзоли зимистона ва тобистона, ки дар ду сол як маротиба аз тарафи Вазорати нақлиёт таъмин мегардад, изҳори норозигӣ карданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, Азим Иброҳим аз масъулини вазорат талаб намуд, ки бо риояи меъёрҳои мавҷуда минбаъд пойафзоли мавсимӣ пеш аз харид кардан аз ҷониби масъулин мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор дода шавад ва навъи интихобшуда танҳо дар сурати босифату ҷавобгӯ будан ба талабот интихоб ва харид гардад. Пойафзоли босифате бояд интихоб карда шавад, то ки кормандони муассисаҳои роҳнигоҳдорӣ тавонанд онро ду фасли сол истифода баранд.
Зикр мегардад, ки вазир ба сохторҳои марбута супориш дод, ки либосҳои болопӯши борониро низ ба кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо дар фасли баҳору тирамоҳ таъмин созанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.