Мутахассисони шуъбаи ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба баркандани наққошии барҷаста (барелйеф) дар девори хонаи 66 воқеъд ар кӯчаи Рӯдакӣ оғоз карданд.

Бинокор - ширкати “Шоҳ Палас” ба Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки барои барчидани 4 панно (лавҳаи бонақшу нигор ва гаҷкоришуда дар сақф ва девори бино) ва лавҳаи хотиравии ҳунарманди маъруфи балет Малика Собирова, ки арзиши баланди фарҳангӣ доранд, мутахассисонро фиристад.

Дар ин шуъбаи Вазорат ба “Азия-Плюс” изҳор доштанд, ки наққошии барҷаста дар хонаи мавриди тахриб қарордошта аз ҷониби рассом-кулолгари маъруф Неъмат Ҳакимов (1944-2017, Екатеринбург) офарида шудааст.

Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки корҳои таъмир ва аз нав барқарор кардан (реставратсия)-и онҳоро ба уҳдаи Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн вогузор кунад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи шоҳидон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, барои баркандан Донишкада донишҷӯёни хому камтаҷрибарои фиристодааст, ки ба ивази баркандан бештар наққоширо тахриб кардаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дарҳол аксҳои кори баркандани тахрибовар нашр шуд.

1/11

Пас аз сарусадоҳои сокинон таҳти сарварии сардори шуъбаи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ Мирзошариф Абдусаломов ва ҳайкалтароши таҷрибадор Маҳмуд Бобоев як гурӯҳи мутахассисон назди бино ҳозир шуданд.

Онҳо ба баркандани наққошӣ ва лавҳа оғоз намуда, ваъда доданд, ки ба ин асарҳои таърихӣ осебе расонида намешавад. Шояд, ба ҷуз оне, ки аллакай расонида шудааст...

Пас аз дубора барқарор кардан наққошии барҷаста ҳамчун мероси таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон баъдан дар ҷойи таъингардида гузошта мешавад.

Лавҳаи хотиравии Малика Собирова назди даромадгоҳи театри опера ва балет гузошта хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.