Гузаргоҳи марзии “Қулма” дар сарҳади байни Тоҷикистону Чин бо иқтидори пурра ба кор даромада, то имрӯз тариқи он 131% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта молу маҳсулот ҳамлу нақл шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯи телефонӣ байни сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, ки рӯзи 1 март доир гардид, дар кори ифитоҳи ин гузаргоҳ нақши муҳим бозид.
Азим Иброҳим таъкид дошт, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷониби Чин арзиши боркунӣ ва борфарории молу маҳсулотро дар гузаргоҳ поин бурда, вақти бозгашти контейнерҳои холиро тезтар кард.
“Масалан, қаблан барои баргардонидани контейнерҳои холӣ дар ин гузаргоҳ ҷонибҳо то 4 ҳазор доллар маблағ пардохт мекарданд, ҳозир бошад, контейнерҳо бепул баргардонида мешаванд”, - гуфт вазир.
Ёдрас мекунем, ки постгоҳи сарҳадии “Қулма” аз оғози моҳи октябри соли гузашта пурра баста шуда буд.
18 феврал муовини сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки дар гузаргоҳи “Қулма” зиёда аз 260 адад мошинҳои бузургҳаҷми боркаш (фураҳо) бо молу колои тоҷирони тоҷик ҷамъ шудаанд.
Қобили зикр аст, ки Чин ба сегонаи шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ шомил буда, аз рӯйи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот пас аз Русия ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.
Соли 2020 аз Чин ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 440 млн доллар молу коло ворид шудааст, ки 14% аз ҳаҷми умумии воридоти соли гузаштаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нисбат ба як соли пешин, соли 2020 ҳаҷми гардиши маҳсулот байни Тоҷикистону Чин ба андозаи қариб 20% поин рафт.
Тоҷикистон аз Чин асосан маҳсулоти ғайриозуқа: масолеҳи сохтмон, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо, сарулибос, техникаву таҷҳизоти гуногун ва дигар чизҳо ворид мекунад. Баъзе маҳсулоти ғизоӣ низ оварда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста