Мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон ҷаласаи таъҷилӣ баргузор намуда, тибқи натиҷаҳои он аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб шуд, ки дар зарфи ду рӯз нархи билетҳои ҳавопаймоиро поин баранд.
Дар сурати поён набурдани арзиши чипта, Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби онҳо чораҳои дахлдор меандешад, изҳор дошт ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.
Субҳи 22 апрел ҷаласаи навбатии Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ баргузор шуд. Дар он роҳбари Агентӣ Икром Субҳонзода, прокурори нақлиёти Тоҷикистон Саидмурод Қодирзода, муовини сардори Раёсат дар соҳаи нақлиёти ВКД ҶТ Зоир Камолзода, намояндагони КДАМ, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия: «Уральские авиалинии», UTair, «Сибирь» ва «Северный Ветер» иштирок карданд.
Икром Субҳонзода гуфт, таҷриба нишон медиҳад, аз оғози мавсими баҳору тобистон сар карда, сафари шаҳрвандони кишвар, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба самти Русия зиёд гашта, ҳолати мазкурро ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишваря ба фоидаи худ истифода ва нархи чиптаи ҳавопаймоиро бениҳоят баланд намуданд.
“Аҳолии мо ҷиҳати харидорӣ намудани чипта бо нархи гарон аз бонкҳо қарз гирифта истодаанд, ки бе ин ҳам вазъияти молиявии онҳоро душвор намуда истодааст. Инчунин, дар васоити ахбори умум сару садоҳо ва норозигии шаҳрвандони кишвар нисбати баланд будани нархи чипта бениҳоят зиёд шуда истодааст, - иброз дошт Субҳонзода. - Ширкатҳои ҳавопаймоиро зарур аст, ки бар ивази баланд бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ шумораи парвозҳоро зиёд намоянд. Дар ин самт, Агентии авиатсияи гражданӣ омода аст, ки ҷиҳати иҷозати саривақтии парвозҳо дар асоси қарорҳои дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ чораҳои дахлдор андешад”.
Субҳонзода таъкид дошт, ки вобаста ба танзими арзиши чипта ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия мактуб ирсол гардида, аз онҳо мактуби ҷавоби дастрас гардид, аммо мутаассифона, нархҳои чиптаи ҳавопаймоӣ, ки дар мактуб нишон дода шудааст, риоя карда намешаванд ва нархҳо баланд мебошад.
Бо ин мақсад аз намояндагони сохторҳои қудратӣ хоҳиш шуд, ки ҷиҳати назорати танзими нархи чипта ва роҳ надодан ба болоравии беасоси он, дар ҳамоҳангӣ чораҳои дахлдор андешида шуда, мусоидат намоянд.
Прокурори нақлиёт Қодирзода Саидмурод иброз намуд, ки дар масъалаи мазкур онҳо алаккай 3 маротиба вохӯрда, аммо мушкилӣ то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
“Дар шароити имрӯза ҳар як нафари мо вазифадорем, ки ҷиҳати паст намудани арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ чораандешӣ намоем”, - таъкид намуд прокурор.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарор шуд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия дар зарфи 2 рӯз бояд ҷиҳати поён бурдани арзиши билети ҳавопаймоӣ чораҳои дахлдор андешанд ва дар сурати поён набурдани арзиши чипта, Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ чораҳои дахлдор меандешад.
Ғайр аз ин, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бояд ҳар моҳ арзиши билети минималӣ ва максималии хатсайрҳои парвозии самтҳои Русияро ба Агентии авиатсияи гражданӣ ва Прокуратураи нақлиёт пешниҳод кунанд.
Нархҳои дандоншикан
Ёдрас мекунем, ки Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон боз кард. То ҳол барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Дар як ҳафта танҳо ду парвоз тариқи хатсайрҳои домӣ сурат мегирад, ки то тобистон билет ба онҳо пурра фурӯхта шудааст. Дар ҳамин ҳол, давоми ҳафта аз ҷониби ширкатҳои Русия зиёда аз 20 парвози чартерӣ анҷом дода мешавад.
Агентии авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо ширкатҳои «Сомон Эйр» ва Utair, ки тариқи хатсайрҳои доимӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, арзиши билетро ба самти рафтану бозгашт дар хатсайри Душанбе-Маскав 500 доллар муқаррар кард.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо менависанд, ки арзиши билет ба хатсайрҳои чартерӣ то ба 15 ҳазор сомонӣ мерасад.
Сафорати Русия дар Тоҷикистон посух мегӯяд
Дар бораи кай бекор шудани парвозҳои чартерӣ ба Русия аз сафорати Русия маълумот дарёфт карданӣ шудем.
- Чаро ин парвозҳо ҳоло ҳам иҷро мешаванд, дар сурате, ки доир ба боз шудани хатсайрҳои доимӣ қарор қабул шуд?
- Тартиб ва шумори парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия аз ҷониби ширкатҳое, ки парвозҳоро иҷро мекунанд, дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори ҳар ду кишвар муайян карда мешавад.
Барқарор шудани хатсайри мунтазами ҳавоӣ маънои онро надорад, ки парвозҳои чартерӣ ба таври автоматӣ қатъ карда мешаванд.
Дар он ҷо таъкид намуданд, ки қарор дар бораи қоидаҳои барқарор шудани хатсайрҳои байнулмилаӣ бо ин ё он кишвар дар шароити пандемияи коронавирус аз ҷониби мақомоти вакиолатдори миллӣ қабул мешавад. Дар Русия ин мақом Ситоди фавӣ оид ба пешгирии вуруд ва паҳнкунии сирояти нави коронавирус дар қаламрави Русия мебошад.
- Мақомоти масъули соҳаи авиатсияи Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки ба ифтитоҳи ҳамаи боқимонда хатсайрҳои мунтазам ҳато худи пагоҳ розианд, лекин Русия ҳоло мухолиф аст. Ин ба чӣ вобаста асту чӣ мантиқ дорад?
- Дар марҳилаи аввал бо ҳамаи кишварҳое, ки Русия алоқаи ҳавоиии мунтазамро барқарор намуд, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон, дар як ҳафта ду хатсайри доимӣ, маъмулан байни пойтахти давлатҳо иҷоза шуд.
Ба ҳамин монанд аз 1 апрели соли ҷорӣ байни Тоҷикистон ва Русия алоқаи ҳавоӣ барқарор шуд. Умедворем, ки минбаъд шумори хатсайрҳои мунтазам байни кишврҳои мо зиёд мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста