Дар Тоҷикистон то кунун 69 ҳазору 229 нафарро воксини алайҳи коронавирус задаанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, то 7 май воксинзанӣ алайҳи COVID-19 дар 83 ниҳоди давлатӣ бо шумули муассисаҳои ҳифзи саломатии давлатӣ ва ғайридавлатии кишвар гузаронида шудааст.
«Ба ҷуз кормандони соҳаи тандурустӣ ва маориф, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони меҳмонхонаҳо, Кумитаи телевизион ва радио ва ғайра низ воксин зада шуданд. Умуман, то (7 май) 72, 8% нақшаи аввали пешбинишудаи ба ваксинзанӣ фаро гирифтани шаҳрвандон иҷро шудааст ва ин кор давом мекунад», - гуфтанд дар Вазорат.
Вазорат мегӯяд то кунун бар асари воксинҳо ҳеҷ мавриди марг дар миёни воксиншуда сабти ном нашудааст.
«Ҳарчанд дар рӯзҳои аввали ворид шудани ваксина ба кишвар овозаҳо зиёд буданд, аммо таҷриба нишон дод, ки ҳонҳо асоси воқеӣ надоранд», - менгӯянд дар ин ниҳод.
Қаблан, 20 апрел, сардори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки то имрӯз ваксина дар Тоҷикистон ба касе осеб нарасонидааст ва ҳолатҳои таъсири манфӣ низ ба қайд гирифта нашудаанд.
Ёдовар мешавем, ки воксини Astra-Zeneca бо фосилаи ду моҳ гирифта мешавад. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ваксина ройгон ва ихтиёрӣ аст.
Дар маҷмӯъ, тибқи барномаи COVAX бояд ба Тоҷикистон 732 ҳазор воя воксини AstraZeneca ворид карда шавад. То ин дам танҳо 192 дазор ворид гаридааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мурабаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста