Дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе амалисозии лоиҳаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои барқии бо усули биллинг коркунанда оғоз шуд.
Ҷорисозии низоми автоматишудаи назорат ва баҳисобгирии истифодаи барқ дар Душанбе дар доираи созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати ҷумҳурӣ ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ “Авеста Групп”, ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва ҶДММ “Душанбе Сити”, ки ҳанӯз моҳи декабри соли 2019 ба имзо расида буд, амалӣ мешавад.
Се ширкати зикршуда дар муддати панҷ соли наздик лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро дар қаламрави шаҳри Душанбе, ки бо усули биллинг кор мекунанд, татбиқ мекунанд, хабар дод ба "Азия-Плюс" як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе.
Бино ба маълумоти ӯ, лоиҳа дар умум 88 млн доллар арзиш дошта, аз ҷумла дар чаҳорчӯби он зиёда аз 250 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқӣ харида мешаванд.
Низоми биллингӣ - низоми автоматишудаи баҳисобгирии хизматрасонӣ, тарофабандии он ва пешниҳоди ҳисоб барои пардохт аст. Ҳисобкунакҳои барқии бо усусли билнг коркунанда ҳамаи маълумоти марбут ба интиқол ва тақсимоти барқро ҷамъоварӣ ва ба ширкати таҳвилгар пешниҳод мекунанд.
Татбиқи лоиҳа охири моҳи майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт оғоз гардида, дар ҷараёни он 95 ҳазор адад ҳисобкунакҳои нави барқ насб мешаванд.
Ҳисобкунакҳои нави истифодаи барқ дар хонаҳои сокинони Душанбе бепул насб карда мешаванд.
Пас аз татбиқи лоиҳа талафоти техникии барқ дар шабакаҳои барқ аз 19%-и ҳозир мавҷуда то 12% кам мешаванд, чунин мешуморанд барқчиёни пойтахт.
Ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ аз 81%-и ҳозира то ба 99% боло меравад.
“Баъди анҷоми лоиҳа сармоягузорон аз ҳисоби коҳиши талафоти барқ дар шабакаҳо, болоравии ҳаҷми ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда, инчунин ихтисори ҳайати шахсии нозирон, маблағҳои ба лоиҳа гузоштаашонро пурра бо фоизҳояш бармегардонанд”, - итминон дод манбаъ.
Дар навбати худ, ҳукумати ҷумҳурӣ сармоягузоронро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва фоида, инчунин боҷҳои гумрукӣ дар давраи амалисозии лоиҳа озод мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.