Дар робита ба обхезиҳои пайдарпай, ки дар аввали моҳи майи ҳамин сол ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хисорот ворид намуданд, Иттиҳоди Аврупо маблағи 100,000 евро (беш аз 1,4 млн. сомонӣ) ҷиҳати дастгирии ҷамоатҳои бештар осебдида кӯмаки башардӯстона ҷудо намуд.
Кӯмак бевосита ба 1800 шахсони бештар осебдида дар ноҳияҳои аз ҳама бештар зарардидаи Бохтар ва Кӯлоб, дар ҷанубу-ғарби вилояти Хатлон расонида мешавад.
Маблағгузории мазкур тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) барои расондани кӯмаки фаврӣ ба аҳолӣ бо дастрас намудани ашёҳои таомпазӣ ва асбобҳои маишӣ аз ҷумла, ашёи омода намудани хӯрок, кӯрпача, камбал, рахти хоб, сатил, табақҳо ва дигар ашёву лавозимоти ошхонагӣ равона хоҳад шуд.
Ғайр аз ин, ба оилаҳое, ки хонаҳои онҳо пурра хароб шудаанд ё зиёни ҷиддӣ дидаанд, кӯмакпулии бебозгашт пардохт мешавад, ки он имкон медиҳад, ки онҳо талаботҳои аз ҳама зарурии худро қонеъ намоянд.
Азбаски обхезиҳо дар бисёр маврид боиси бемориҳои гуногун мегарданд, ки тавассути об мегузаранд, миёни аҳолии осебдида корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи гигиенаи аввалия гузаронида шуда, маводҳои ахборотӣ паҳн карда мешаванд, ва инчунин лавозимоти гигиенӣ барои таъмини бехатарии санитарӣ дар давоми корҳои барқароркунӣ дастрас карда мешавад.
Ин маблағгузорӣ як қисми саҳми умумии Иттиҳоди Аврупо ба "Фонди ҳолатҳои фавқуллода" (DREF) мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБСС) идора карда мешавад.
Дар давраи аз 6 то 13 май боронҳои пайдарпай боиси силсилаи обхезиҳо дар минтақаҳои ҷанубу-ғарби Тоҷикистон шуданд, ки ба беш аз 25000 нафар зиён расонда ва тақрибан 1000 хона осеб расонд, ки баъзеи онҳо пурра хароб шуданд.
Дар натиҷа, ҷамоатҳои осебдида инчунин захираи хӯрокворӣ ва лавозимоти шахсӣ аз даст дода, инчунин чорво ва заминҳои кишташон, ки манбаи асосии рӯзгордорӣ дар ин минтақаҳои асосан кишоварзӣ мебошанд, ба таври ҷиддӣ зарар диданд. Вилояти Хатлон аз зумраи минтақаҳои бештар зарардида маҳсуб мешавад.
Замина - кӯмаки башардӯстонаи Иттиҳоди Аврупо
Иттиҳоди Аврупо якҷоя бо давлатҳои аъзояш донори бузургтарини дунё дар ҷодаи кӯмаки башардӯстона ба шумор меравад. Кӯмаки ИА ин як изҳори муттафиқии Аврупо бо мардуми ниёзманд дар саросари ҷаҳон аст. Ҳадафи кӯмаки ИА ин наҷот додани ҳаёт, пешгирӣ ва таскини дарду азоби инсон, таъмини бехатарӣ ва ҳифзи нангу номуси мардуме, ки аз офатҳои табиӣ ва ё бӯҳронҳои одамсохт зарар диданд.
Ҳар сол Комиссияи Аврупо тавассути Раёсати кӯмакҳои башардӯстона ва ҳифзи шаҳрвандӣ (ECHO) ба беш аз 120 миллион қурбониёни офатҳои табиӣ ва ҷангҳо кӯмак мерасонад. Барои маълумоти иловагӣ метавонед аз сомонаи ECHO боздид намоед.
Байни Комиссияи Аврупо ва ФБСС созишномаи саҳм ба имзо расид, ки тибқи он ба фонди ҳолатҳои фавқулодаи ФБСС 3 миллион евро гузаронида мешавад. Маблағи фонди мазкур асосан барои рафъи оқибатҳои офатҳои "хурд" истифода бурда мешавад. Одатан ингуна офатҳои хурд муроҷиати расмии ҳукуматҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ наметалабад.
Фонди ҳолатҳои фавқулода DREF соли 1985 таъсис ёфта, аз ҳисоби маблағҳои донорҳо пур мегардад. Ҳар боре, ки барои вокуниш ба офати табиӣ ягон Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва ё Ҳилоли Аҳмар ба таври таъҷилӣ маблағ гирифтанӣ шавад, он метавонад маблағҳои заруриро аз фонди мазкур дархост намояд. Ҷиҳати рафъи оқибатҳои офатҳои хурд, ФБСС аз фонди мазкур маблағи заруриро ҷудо мекунад ва баъдан донорҳо ин фондро боз пур мекунанд.
Созишномаи саҳме, ки байни ФБСС ва ECHO ба имзо расидааст, ба ECHO имкон медиҳад, ки фонди ҳолатҳои фавқулодаро умуман то 3 миллион евро пур карда, ба ҳамоҳангии кӯмакрасониҳо мусоидат намояд (ин ба оинномаи ин созмон оиди кӯмакрасонии башардӯстона мувофиқ аст).
Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон. Шукурҷон Зуҳуров раис интихоб шуд
Даргузашти раиси пешини шаҳри Душанбе
Мансабдори пешини қирғиз, ки як санад оид ба марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буд, аз зиндон озод шуд
Тасарруфи беш аз 142 ҳазор сомонӣ зимни сохтмони як бинои Маркази миллии тестӣ
Додситонии Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро ба терроризм муттаҳам кард
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста