Эмомалӣ Раҳмон ба хабаргирии сокинони селзадаи деҳаи Навободи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон рафтааст. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад.
Гуфта мешавад Президенти Тоҷикистон дар баробари шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ин ноҳия, ҳамчунин дар расми ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои ҳукумат ширкат мекунад ва бо сокинони ин ноҳия мулоқот низ мекунад.
Дафтари матбуоти президент хабар медиҳад, ки "дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуданд".
Манбаъ мегӯяд, дар мавзеъи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ идома дорад. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо дарназардошти тамоми шароит бунёд ёфта истодааст ва то ба имрӯз аллакай қисми бештари он болопӯш карда шуда, сохтмончиён ба рангу бор ва ороиши дохилӣ ҳуҷраҳо машғуланд.
Ба гуфтаи Хадамоти матбуоти раисҷумҳур "ба ҳар як оила барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ 10 садяк замин ҷудо гардида, ҳамчунин барои анҷоми корҳои сохтмонӣ 10 тоннагӣ семент, 100 дона бомпӯш, 10 куб тахта, 2 тонна арматур ва дигар масолеҳи зарурии сохтмонӣ дастрас карда шуд. Ҳамзамон бо дастури Пешвои муаззами миллат ба пуррагӣ таъмиру тармими дохили хонаҳои истиқоматӣ сурат гирифта, оилаҳои зарардида бо тамоми ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд гашт".
Дар ин мавзеъи навбунёд ҳамчунин бунёди дигар зерсохтҳои лозим барои зисту зиндагӣ дар назар дошта шуда, то ба имрӯз хатти алоҳидаи барқ кашонида шудааст. Расонидани оби нӯшокӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, сохтмону мумфаршкунии роҳҳои нақлиётиву пиёдагард бомаром идома дошта, дар кӯтоҳтарин фурсат дар ин ҷо барои сокинон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад,- хабар медиҳад манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто дар рӯзҳои 6 ва 7-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳоти Ифтихор ба пуррагӣ хароб гардид. Бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтии наҷотдиҳӣ хушбахтона дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд. Хисороти молие, ки дар ин ҳодиса ба аҳолӣ расидааст, бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комилан барқарор карда мешавад. Аз рӯзҳои аввал рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, таъмини аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатии истиқоматӣ, маводи рӯзгор ва озуқаворӣ зери назорати шахсии Роҳбари давлат қарор дошта, барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи зарардидагон ба роҳбарияти вилояту ноҳия зимни суҳбатҳои телефонӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои қатъӣ дода буданд.
Ҳамчунин дар натиҷаи офати табиии рухдода дигар иншооти ёрирасон, роҳу купрукҳои мошингард, хаттҳои барқу обрасонӣ ва заминҳои корам низ осеб дид.
Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди нахустин хонаҳои омодагардидаро ба соҳибонашон супорида, аз дохили ҳуҷраҳо дидан намуданд.
Ҳоло дар ин ҷо сохтмон ва таъмиру муҷаҳҳазсозии 4 хонаи истиқоматӣ комилан ба пуррагӣ анҷом ёфта, Эмомали Раҳмон дастур додаанд, то ҳарчи зудтар сохтмони манзилҳои боқимондаи истиқоматиро бо сифати баланд анҷом дода, барои аҳолии зарардида тамоми шароиту имкониятро баҳри зиндагӣ фароҳам оранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
“Беҳтарин ҳамсар”. Дар Тоҷикистон боз як озмун баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ситоди рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ таъсис ёфт
Тавофуқ ҳосил шуд. Тоҷикистон дар соли 2025 ҳам ба Афғонистон барқ мефурӯшад
Филми ҳунарии “Фурӯғ” ба синамоҷашнвораи “МО” меравад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон хостори барқарор кардани рафтуомад ба Русия тариқи қатораву автобус шудааст
Форуми Digital Tajikistan дар Душанбе зиёда аз 1000 иштирокчиро гирдиҳам овард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста