Авҷи дубораи коронавирус дар кишвар, ки даҳҳо нафарро аз пой афтонидааст, натавонист омодагӣ ё ба истилоҳ “маршировка”-и донишҷӯён барои таҷлили 30-солагии Истиқлоли кишварро боздорад.
Айни ҳол дар якчанд варзишгоҳи шаҳри Душанбе омодагӣ ба ин ҷашн бо ҷалби 1000-ҳо донишҷӯён идома дорад.
Дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби 2200 донишҷӯёни донишгоҳи миллӣ ва омӯзгорӣ аз соати 6 то 10 маршировка мегузарад. Мутассадиён мегӯянд, ҳама чораҳоро оид ба паст бурдани хатари сироятёбӣ анҷом медиҳанд.
“Маршировка” дар ҳолест, ки ахиран паҳншавии дубораи коронавирус дар Тоҷикистон пазируфта шуд. Ва ситоди ҷумҳуриявӣ даъват карда буд, то ҳама гуна чорабинию ҷамъомадҳои оммавӣ бо иштироки шумораи ками одамон гузаронида шавад.
Ин матлаб бо дастгирии молии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадади Тоҷикистон омода шудааст, вале баёнгари мавқеи ин ниҳод нест.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.