Ғанихон Тӯраев, сарҳанг (полковник)-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва шавҳари профессор Фарида Мансурова, ҳам пас 9 рӯзи фавти ҳамсараш дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикони пайвандони эшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.
Ғанихон Тӯраев асри шоми 11 июл, дар сини 69-солагӣ даргузашт. Ба гуфтаи наздикон ӯ марги 9 рӯзи пеши ҳамсарашро дигар таҳаммул карда натавонист ва бар асари сактаи мағзӣ (инсулт) даргузашт.
Ҳамсари ӯ профессор Фарида Мансурова, духтари табиби маъруфи тоҷик, академик Ҳомид Мансуров рӯзи 2-юми июл бар асари мубталло шудан ба бемории коронавирус даргузашта буд.
Маросими намози ҷанозаи сарҳанг Ғанихон Тӯраев соати 11:30 имрӯз, дар пеши хонаашон дар маҳаллаи мавсум ба "Дом-Печат" доир мешавад ва ӯро дар гӯристони Сари Осиё ба хок месупоранд.
Аз сарҳанг Ғанихон Тӯраев як низомии ҳирфаӣ ном мебурданд, ки солиёни зиёде сардори Раёсати неруҳои муҳандисии Вазорати мудофии Тоҷикистон кор кардааст ва унвони шахси аввали ниҳоди минаёбии вазорати дифоъ аз таркишҳои зиёде пешгирӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки зери раҳбарии ӯ дар Душанбе ҳатто аз таркишҳое пешгирӣ шудааст, ки ҳаводиси террористӣ буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2026 аз 15 то 25% зиёд мешавад
“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста