Вазъият ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахти Тоҷикистон мудом мавриди интиқоди шадид қарор дошта, дар нақлиёти пойтахт, бахусус микроавтобусҳо ё худ “маршрутка”-ҳо сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ ба мусофирон бениҳоят паст аст.
Дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” муовини аввали раиси шаҳри Душанбе инро тасдиқ намуд.
"Ба сурати умум, мо ҳама орзу дорем, ки набераҳоямон дар метрои Душанбе равуо кунанд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, тибқи нақшаи шаҳрдории пойтахт, ояндаи наздик микроавтобусҳо аз кӯчаҳои марказии Душанбе хориҷ шуда, сипас ин тадбир дар ҳамаи қаламрави шаҳр амалӣ мешавад.
Айни замон дар яке аз кӯчаҳои марказӣ - хиёбони Рӯдакӣ микроавтобусҳо (маршруткаҳо) ҳаракат намекунанд.
Амирхон Қурбонзода инчунин гуфт, пас аз, 7,6 ҳазор гектар васеъ кардани ҳудудҳои пойтахт дар охири соли 2019 аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ, дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ мушкилоти нав пеш омад.
«Дар қаламрави ба шаҳр ҳамроҳшудаа роҳандозии хатсайрҳои троллейбус ва автобус ғайриимкон буда, хати барқ ҳам мавҷуд нест, - иброз дошт ӯ. - Инчунин ҳолати роҳҳо имкон намедиҳад, ки ба равуои нақлиёти ҷамъиятӣ тариқи онҳо иҷоза шавад. Ба ҳамин сабаб, мо ҳоло наметавонем аз хидмати микроавтобусҳо даст кашем”.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки шаҳрдории пойтахт ба корҳои таъмири мактабу роҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва беморхонаҳо дар қаламрави ба шаҳр ҳамроҳшуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Ёдрас мекунем, ки қаблан аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дода буданд, ки хати нахусти метрополитени пойтахт “ҳавоӣ” шуда, дарвозаҳои ҷануби шаҳрро бо мавзеи назди Сирки давлатӣ мепайвандад.
Мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе, нахустин хати ҳавоии метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.