Тӯли 10 соли охир Сиёвуш Илёсов дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор ба толибилмон забони англисӣ меомӯзад. Хонандагони ин муассисаи таълимӣ ба шарофати ӯ ва ҳамкасбонаш соҳиби китобҳои дарсию бадеӣ бо ҳуруфи брайлӣ шуданд. Вай ҳамчунин яке аз варзишгаронест, ки дар мусобиқаҳои паралимпӣ оид ба лижатозӣ ва дучархаронӣ ширкат варзида, Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ муаррифӣ кардааст.

Вақте ба дарвозаи мактаб-интернати мазкур наздик шудем, моро ду ҷавон пешвоз гирифтанд. Яке аз онҳо Сиёвуш буд. Одам агар бори аввал бо ин ҷавонмард рӯ ба рӯ шавад, гумон намекунад, ки ӯ нобиност, зеро бо як боварӣ ва қадамгузории хос пеш меравад.

Аз мақсад то амал

Сиёвуш дар маҳаллаи Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Алҳол 32-сола аст. Яке аз мақсадҳояш дар зиндагӣ – омодасозии китобҳои дарсиву бадеӣ бо ҳуруфи брайлӣ барои наврасону кӯдакони нобино ва сустбин аст.

Маҳз бо дархостҳои паёпайи ӯ Вазорати маориф ва илми ҶТ ба мактаб-интернати мазкур дастгоҳи гаронарзиши чопи брайлиро таъмин кардааст. Сиёвуш то кунун 6 китоби дарсиро бо ин ҳуруф ба табъ расонидааст. Вай иброз дошт, ки яке аз мушкилоти шахсони нобино дар Тоҷикистон ба таври кофӣ дастрас набудани китобҳои дарсӣ ва бадеӣ бо хатти брайлист.

Сиёвуш ҳамзамон бо таълими хонандагон саъй меварзад, ки шумораи бештари китобҳоро ба ҳуруфи брайлӣ баргардон ва нашр кунад. Ӯ соли 2015 китобҳои дарсии забони англисиро барои хонандагони синфҳои 3 ва 4 дар шаҳри Душанбе чоп карда буд.

“Ба наздикӣ як асари Гулназар Келдиро ба ҳуруфи брайлӣ баргардон ва нашр кардам. Шодии шогирдонамро пас аз дастрас шудани ин китоб бо сухан тасвир карда наметавонам. Онҳо ташнаи мутолиа мебошанд. Аммо китобҳое, ки наврасону кӯдакони нобино ва сустбин хонда тавонанд, хеле каманд. Китобдӯстии шогирдонам ба ман илҳом мебахшад ва шабҳо хоб накарда, асарҳои гуногунро ба ҳуруфи брайлӣ баргардон мекунам”, - гуфт Сиёвуш.

Душвории таҳсил дар мактаб-интернат

Ин омӯзгори ҷавон 8 сол инҷониб куллан нобиност. Ӯ бо чашмони бино таваллуд шудааст, вале оҳиста-оҳиста қувваи босирааш коҳиш ёфтааст. Волидонаш пас аз муолиҷаи зиёд ӯро ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор мегузаронанд. Рӯзҳои аввал барои Сиёвуш таҳсил дар ин муассиса хеле душвор буд.

“Сароғоз муҳити мактаб-интернат бароям тангу дилгиркунанда буд. Хеле ғамгин шуда, орзуи бозгашт ба мактаби пешинаро доштам. Ин ҳолат 2 моҳ тӯл кашид. Сипас одат кардам. Бо ҳамсабақонам дӯст шудам, барои онҳо китоб мехондам. Ман он замон сустбин будам”, - ба ёд меорад Сиёвуш.

Ӯ пас аз хатми ин муассисаи таълимӣ, соли 2006 ба факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил мешавад. Баъд аз гирифтани дипломи донишгоҳ, ба мактаб-интернат ба ҳайси муаллими забони англисӣ бармегардад.

Донандаи се забони хориҷӣ

Ҳоло Сиёвуш 3 забони хориҷӣ – русӣ, англисӣ ва ҷопониро медонад. Аз ҷумла, забони ҷопониро зимни сафараш ба ин кишвар омӯхтааст. Соли 2011 ӯ ба як давраи омӯзишӣ барои шахсони дорои маъюбият даъват шуда буд. Кӯшишҳои Сиёвуш барои ёфтани муаллими забони ҷопонӣ пеш аз сафар бенатиҷа монданд. Вай тасмим гирифт, ки то оғози дарсҳо тавассути сабтҳои омӯзишии садоӣ забони ҷопониро аз худ кунад. Ба ин васила алифбои ҷопониро ёд гирифт.

“То сафар якчанд калимаҳои зарурӣ ва серистеъмолро аз худ кардам. Вақте ба Ҷопон рафтем, се моҳи аввал забони ин кишварро ба англисӣ омӯхтем. Фикр мекунам, он рӯзҳо бароям мушкилтарин буданд. Ҳар бегоҳ пас аз дарс ба хобгоҳ баргашта, то нисфи шаб луғат аз ёд мекардам. Намехостам, фурсати муносибро аз даст диҳам. Ҳамин буд, ки тӯли 10 моҳ ба забони ҷопонӣ озодона суҳбат карданро ёд гирифтам. Фикр мекунам, давоми 4 соли таҳсил дар донишгоҳ забони англисиро беҳтар аз ҷопонӣ наомӯхтаам”, - шарҳ медиҳад қаҳрамони мо.

Сафарҳои бурунмарзӣ мафкураи Сиёвушро васеъ намудааст. Вай дар маҷмӯъ 13 сафар ба 7 кишвари ҷаҳон доштааст. Зимнан дар якчанд давраҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат оид ба мавзӯъҳои чӣ хел роҳбар будан, таҳсилоти фарогир, омӯзиши технологияи муосир, тавонбахшии кӯдакони нобино ва сустбин, ҳамчунин варзиш иштирок кардааст.

Варзишгари паралимпии сатҳи байнулмилалӣ

Сиёвуш ба ғайр аз омӯзгор будан, варзишгари муваффақ низ ҳаст. Ӯ дар мусобиқаҳои паралимпии зимистона аз намуди лижатозӣ дар Кореяи Ҷанубӣ, Олмон ва Канада сабқат кардааст. Ба варзиш рӯ овардани Сиёвуш низ ба замони таҳсилаш дар Ҷопон иртибот дорад. Ӯ дар он ҷо фаҳмид, ки 27 намуди варзиш барои шахсони нобино дастрас аст. Зимни давраи омӯзишӣ барои Сиёвуш ва ҳамсабақонаш, ки онҳо низ маъюбият доштанд, ҳар гуна машғулиятҳои варзишӣ баргузор мешуданд.

“Ман то он дам ҳатто фикр намекардам, ки нобиноён ҳам ба варзиш машғул мешаванд. Як рӯз моро барои тамрин ба кӯҳ бурданд ва лижатозиро омӯзониданд. Аз ҳамон ҷо ба худ қавл додам, ки ин намуди варзишро бо тамоми нозукиҳояш аз худ карда, сипас дар мусобиқаҳо иштирок мекунам. Ҳамин тавр ҳам шуд”, - мегӯяд Сиёвуш.

Қаҳрамони мо дар мусобиқаҳои дохилии дучархаронӣ ҳам ширкат варзидааст. Вақте ба Сиёвуш як дӯсти итолиёвиаш велосипед туҳфа кард, ӯ дар кӯтоҳмуддат ин намуди варзишро фаро гирифт. Вай ҳамроҳи бародараш 5-уми июни соли равон дар марафони дучархаронӣ бахшида ба рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист фаъолона иштирок карданд.

“Соли 2019 як дӯсти нобинои итолёвиам дар Тоҷикистон буд. Ӯ барои худ велосипед харида, бо он 5 моҳ равуо дошт. Пеш аз баргаштан дучархаро ба ман туҳфа кард, то ин намуди варзишро байни дигар нобиноён тарғиб кунам. Ман сухани дӯстамро ба замин нагузошта, аз он пайваста истифода менамоям”, - иброз дошт қаҳрамони мо.

“Намехоҳам, вобастаи касе бошам”

Сиёвуш кӯшиш мекунад, ки дар ҳама кор мустақил бошад. Нобиноиро заифӣ намедонад ва бо ҳама каму кости зиндагӣ мубориза мебарад. Ҳаргиз намехоҳад, ки ӯро касе “маъюб” гуфта, бо чашми кам нигарад ё паст занад.

Замоне ҳамроҳи якчанд дӯсти нобинояш ба сайругашт мебарояд. Онҳо дар Боғи фарҳангии пойтахт мехоҳанд ба аттраксиони “Американские горки” савор шаванд. Вале коргари аттраксион бо дағалӣ Сиёвушу дӯстонашро ба он роҳ намедиҳад. Сиёвуш ин ҳолатро сабт карда, дар саҳифаи фейсбукиаш мегузорад. Пас аз чанд лаҳза масъулини боғ ба муроҷиати ӯ вокуниш менамоянд.

“Масъулин зуд ба назди мо омаданд ва он ҷавони дағалрафтор аз мо узр хост. Ман ба касе иҷозат намедиҳам, ки таҳқирам кунад, хусусан, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ”, - афзуд Сиёвуш.
Ӯ оиладор ва соҳиби 2 фарзанд аст. Кӯдаконаш маъюбият надоранд. Ҳамсараш низ омӯзгор аст ва дар мактаб аз фанни биология дарс мегӯяд.

Имрӯзу фардои Ҷопону Тоҷикистон...

Сиёвуш орзу дорад, ки дар Тоҷикистон ҳам ба монанди кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шароити мусоид барои шахсони дорои маъюбият муҳайё шавад.

“Вақте бори аввал ба Ҷопон рафтам, зуд ба шароити он мутобиқ шудам: озодона ва танҳо дар кӯчаҳо сайругашт карда метавонистам, зеро тамоми имконот барои шахсони дорои маъюбият фароҳам аст. Дар он кишвар на шахси нобино ва на одами аробасавор дар кӯчаву мағоза ё ҷойҳои дигар дучори мушкилӣ намешаванд. Онҳо ба китобҳои гуногуни брайлӣ ҳам дастрасӣ доранд. Мехоҳам, ки дар Тоҷикистон низ чунин шароит фароҳам бошад. Аз ин рӯ, тамоми кӯшишамро ба харҷ дода, китобҳои брайлиро барои шогирдонам баргардон ва чоп мекунам, то ки муҳтоҷи касе нашуда, иқтидори фикрию фитрии худро пайваста инкишоф бидиҳанд”, - гуфт дар охир Сиёвуш.

Саргузашти муваффақияти Сиёвуш Илёсов дар доираи маъракаи иттилоотии “Ҳар яки мо – тавоно!” мунташир гардид.

Марҳилаи нави ин маъракаи иттилоотӣ бо мусоидати Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) амалӣ мешавад. Ҳадаф аз роҳандозии он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои маъюбият, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбӣ, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад. Дар ҷараёни он силсилаи наворҳои иҷтимоии видеоӣ ва садоӣ, ҳамчунин матолиби мавзӯӣ барои нашр дар расонаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва бознашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳия шудаанд.

Пешравии бонуи ҳунар

Нигина Икромова аз хурдсолӣ ба дӯхтани либос шавқу рағбати зиёд дорад. Ӯ пас аз таҳсили мактабу донишгоҳ ба тарроҳии либос машғул шуда, то ин замон якчанд намоиши мӯд баргузор кардааст.

“Шахсони дорои маъюбият аз хона баромада, бояд ҳунар омӯзанду меҳнат кунанд, то ин ки даромаду роҳи зиндагии худро мустақилона биёбанд... Агар мо ба 10 нафар ҳунар омӯзем, аҳли 10 оила соҳиби касбу нон мешаванд”, - изҳор медорад Нигина.

Силсилаи видеонаворҳои маъракаи иттилоотии “Ҳар яки мо - тавоно!” ҳамарӯза дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявии “Сафина” ва “Синамо”, ҳамчунин дар шабакаи минтақавии ТВ “Азия” (вилояти Суғд) намоиш дода мешаванд.

Гурбачаи Нозанин

Як рӯзи пурбарф гурбача дар лаби роҳ гуруснаю танҳо буд. Нозанин бо дугонааш вақти бозгашт аз мактаб овози ӯро шуниданд. Ба гирду атроф нигариста, гурбачаро диданд, ки дар гӯшае аз хунукӣ меларзид. Дугонаҳо зуд ӯро гарм печонида, шикамашро сер карданд.

Нозанин гурбачаро ба хона оварда, бо меҳрубонии зиёд нигоҳубин кард. Дар филми тасвирӣ бубинед, ки чӣ гуна ин ҷонвараки чаққон азизи хонадон шуд.

Саргузаштҳои дилписанди Нозанин, аҳли оила ва дӯстони ӯ ҳамарӯза дар Телевизиони “Баҳористон” тақдими бинандагон мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.