Расонаҳои русӣ бо такя ба Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия хабар медиҳанд, ки ин кишвар аз 27 августи соли равон шумораи парвозҳои мустақимашро ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад. Вале Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло чизе маълум нест.
Хабаргузории “ТАСС” иттилоъ медиҳад, ки Ситоди мубориза бо коронавирус дар Русия тасмим гирифтааст, ки аз 27 август шумораи парвозҳои мустақими Русия бо Маҷористон, Кипр, Қирғизистон ва Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Манбаъ менависад, ки ҳафтае 7 парвоз аз Маскав ба Бишкек ва Душанбе имконпазир хоҳад шуд.
- Илова бар ин, аз як қатор шаҳрҳои Русия ба пойтахти Қирғизистон ва инчунин аз Русия ба фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб дар як ҳафта як парвоз иҷозат дода мешавад, - менависад хабаргузории мазкур.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло чизе маълум нест.
"Мо ягон огоҳӣ нагирифтаем. То ҳол мактуби расмӣ ҳам равон накардаанд",- гуфтанд аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс".
Ба гуфтаи манбаъи мо дар ин ниҳод, дар чунин мавридҳо, Русия бояд онҳоро ба василаи мактуб огоҳ кунад.
Ёдовар мешавем, мудири Оҷонсӣ Икром Субҳонзода, рӯзи 27 июл дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки танҳо дубора оғоз шудани парвозҳои мунтазам ба Русия метавонад нархи парвозҳои ҳавоӣ ба ин кишварро коҳиш диҳад.
Дар ҳоли ҳозир арзиши чиптаҳои ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русия аз Самарқанд, Тошканд, Ӯш ва Бишкек назар ба нархҳо аз Тоҷикистон ба ин кишвар, ду маротиба арзонтар аст. Дар ин робита шаҳрвандони Тоҷикистон барои расидан ба шаҳрҳои Русия аз фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя истифода мекунанд.
Ба гуфтаи Субҳонзода, пеш аз пандемия ба шаҳрҳои Русия дар як ҳафта то 34 парвози мустақим анҷом дода мешуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 3
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста