Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода хабарҳо дар мавриди лату кӯбашро аз сӯйи хоҳарзодаҳои раисҷумҳури Тоҷикистон рад кард.
Ӯ зимни суҳбати видеоии худ бо нашрияи расмии ҳукумати кишвар - “Ҷумҳурият” гуфт, ки ин овозаҳо барояш ғайриинтизор буданд.Вай дар идома гуфт, ки паҳкунандагони чунин овозаҳо лоиқи вокуниш нестанд.
- Ҳамонҳое, ки чунин овозаҳоро паҳн карданд, бояд мутаваҷҷеҳ мешуданд, ки ман замони дар сафари корӣ қарор доштанам, дар ҷаласаҳои ситоди вазорат тариқи онлайн иштирок мекардам. Ин ҷавоб ба онҳое аст, ки дар расонаҳо нисбати ман овозаҳо паҳн мекарданд. Тамоми роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, ки дар ситод ширкат доштанд, маро медиданд,- мегӯяд вазири тандурстии кишвар.
Аз ин пештар, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода лату кӯб шудани Ҷамолиддин Абдуллозодаро таъйид накарда буд.Ӯ дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфта буд дар ин бора якумбор мешунавад. “То кунун арзу шикояте ворид нашудааст. Мо ҳам аз интернет хондем, аммо ягон гапе нест", - гуфта буд Раҳимзода.
Ёдовар мешавем, дар охири моҳи июл Радиои “Озодӣ” хабар дода буд, ки вазири тандурустӣ рӯзи 20-уми июл аз сӯи се хоҳарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон латукӯб шуд. Ба иттилои зиёда аз панҷ манбаъи Радиои Озодӣ, Фахриддин, Фаррух ва Зиёдалӣ Сафаровҳо баъди фаҳмидани марги модарашон Қурбонбӣ Раҳмонова ба пизишкон, аз ҷумла вазири тандурустӣ ҳамла кардаанд. Норозигии онҳо гӯё замоне сар задааст, ки пизишкони хориҷӣ гуфтаанд, шеваи табобати хоҳари президент дар беморхонаи ҳукуматӣ нодуруст аст.
Мувофиқи хабаре, ки ин манбаъ расонаӣ карда буд, дар ин муноқиша ҷоғи Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ осеб дида, Холмуҳаммад Раҳимзода, мудири Маркази тиббии назди Дастгоҳи иҷроияи президент аз сараш зарб хӯрда буд.
Баъдан, Вазорати тандурустӣ ин хабарро рад карда гуфта буд, Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Русия рафтааст.
Хатсайри автобус миёни Хуҷанд ва Новосибирск. Ҷадвали ҳаракат ва арзиши чиптаи онро муайян кардем
Дар Тоҷикистон лимону сабзӣ арзон ва гӯшту шир қимат шуданд
“Модарам мехонд, ман ҳифз мекардам”. Фараҳбахш бо вуҷуди нобино будан, чӣ тавр дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиб шуд?
Тоҷикистон ҳам аз хидматрасонӣ ба корти UnionPay-и “Газпромбанк” даст кашид
“Онҳо моро одам ҳисоб намекарданд”. Чаро тоҷики хориҷшуда дигар ба Русия рафтан намехоҳад?
Баъди марги Тарона ва гузориши “Азия-Плюс”, раиси шаҳри Панҷакент дастури ҷудо кардани замин ва бунёди мактабро дод
Размикори мағлубнашудаи тоҷик Наботов барои қарордод бо UFC бо кӣ рақобат мекунад?
Муҳоҷирати корӣ ба Кувайт. Ёддошти тафоҳуми имзошуда онро чӣ гуна танзим мекунад?
“Танҳо дар тобистон барқ медиҳем”. “Барқи тоҷик” созишномаи интиқоли барқ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро шарҳ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Вазири бахшанда ва вазири хасис”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста