Ба ифтихори 30 -умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар хона-интернатҳои шаҳри Ҳисор чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ташкил кард.

Иҷрокунандаи ин чорабинӣ радиои “Азия-Плюс” буд.

Дар маҷмӯъ, ин ташаббус  ду муассиса: мактаб-интернати махсуси ҷумҳуриявии дорои низоми махсус ва мактаб - интернати ҷумҳуриявии нобиноён ва биноии заифдоштаи шаҳри Ҳисорро бо садҳо нафар хонанда фаро гирифт.

Дар чорабиниҳо ҳунармандони шинохта, театри лухтак ва ровиёни “Азия-Плюс” ба хонандагон шодию фараҳ бахшиданд. Ҳамчунин ба хонандагони ин муассисаҳо тӯҳфаҳои бисёри хотиравӣ тақдим карда шуд.

Гузориши мо аз ҷараёни чорабинӣ: