Фонди Оғохон ва Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ чанде қабл дар шаҳри Бохтар маросими хатми таҳсили 144 хатмкунандаро дар маркази омӯзишии Бохтар баргузор намуданд.

Ин маркази омӯзишӣ барои ҷавонон ва ҳамчунин калонсолони вилояти Хатлон курсҳои омӯзиширо дар заминаи соҳибкорӣ ва банақшагирии тиҷорат, забони англисӣ, маҳоратҳои компютерӣ ва самтҳои дигар пешниҳод мекунад.

Диловар Бутабеков, дирекори ММКД зимни суханронии худ иброз дошт: “Мо имрӯз ду санаи муҳим -15 солагии ММКД ва 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон фаъол аст. Теъдоди бештари марказҳои омӯзишии ММКД дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки нишондиҳандаи ҳамкории наздик ва босамар бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуди зиндагии мардум аз тариқи омӯзиши касбӣ ва давомдор аст”.


Дар ин маросим муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), кормандони Фонди Оғохон ва ММКД инчунин дӯстон ва наздикони хатмкунандагон иштирок доштанд. Бо ташаббуси Фонди Оғохон ва ММКД намоиши истеҳсолкунандагон хурди вилояти Хатлон ва ташкилотҳои дигар Ташкилоти Оғохон оида ба рушд (AKDN) баргузор шуд. Барномаи фарҳангӣ низ бахше аз маросими хатми таҳсил буд.

“Фонди Оғохон аз кумак ба Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор дар заминаи тавсеа додани фаъолияти он аз ВМКБ ба вилояти Хатлон тавассути ифтитоҳи маркази омӯзишии Бохтар изҳори хушнудӣ намуда, ифтихор аз он дорад, ки дастгирии дарсҳои соҳибкории ММКД-ро аз тариқи барномаи “Шукуфоии Тоҷикистон” идома хоҳад дод”, -  изҳор дошт Ҷавлон Ҳамдамов, роҳбари барномаҳои Фонди Оғохон.

“Шукуфоии Тоҷикистон” барномаи панҷсолаест (2018-2021), ки тариқи маблағгузории муштарак аз тарафи Фонди Оғохон ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барои тақвият  бахшидани ҳамгироии иқтисодию иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон ва ВМКБ, таҳия карда шудааст. Барномаи “Шукуфоӣ” махсусан Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) ва Фонди ҷамъиятии “Соҳибкорӣ ва рушд”-ро ҷиҳати пешбурди соҳибкорӣ ва дастгирии тиҷоратҳои навтаъсис ҷалб мекунад.


Ба ин тартиб, барномаи “Шукуфоӣ” то имрӯз ба 197 донишомӯз барои дастрасӣ ба дарсҳои соҳибкорӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Хоруғ кумак кардааст, ва 137 донишомӯз нақшаҳои тиҷоратии худро бомуваффақият ҳимоя кардаанд. Ин иқдом ба роҳандозӣ шудани тиҷоратҳои нав ва тавсеа ёфтани тиҷоратҳои мавҷуд мусоидат хоҳад кард.