Рӯзи 12 октябри соли 1933 Боғи ботаникии Академияи илмҳои Тоҷикистон (феълан - Боғи "Ирам") таъсис дода шуд. Он дар Душанбе бо ибтикори профессор Б.Федченко, ки дар ин давра бахши ботаникаи пойгоҳи тоҷикии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ (аз соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон) роҳбарӣ мекард, дар масоҳати 34 гектарро бунёд шуд. Имрӯз майдони боғ ба 40 гектар мерасад.

Дар даромадгоҳи боғ намунаҳои дарахтоне гузошта шудаанд, ки аввалин кормандони Институти ботаника дар миёнаи солҳои 1930-ум шинондаанд. Пас аз таъсиси Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, дар солҳои 1960-ум барои Институти ботаникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон дар ҳудуди боғ гармхонаҳо сохта шуданд.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus

Дар боғи ботаникӣ намунаҳои дарахту буттаҳо қариб аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳон гирдоварӣ шудаанд, ки аксари онҳо аллакай ба Китоби сурхи табиат дохиланд.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus

... Соли 2007 дар тарафи шимолии гармхона ба таъсиси мамнӯъгоҳи этнографии меъмории халқӣ (дар зери осмони кушод) шурӯъ карданд. Дар ин ҷо хонаҳои анъанавии сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва биноҳои истеҳсолӣ сохта шуданд. Давоми солҳои 2010-2011 дар қаламрави боғ суҳбатгоҳҳои чӯбии замонавӣ қомат оростанд.

Сурат: Абдуллоҳ Ғурбатӣ/Asia-Plus

Дар наздикии даҳҳо суҳбатгоҳҳо ҳайкалҳои ҳайвонот ва харакҳо барои тамошобинон насб карда шуданд. Инчунин дар қад-қади гулгашти марказии боғ таҷҳизот (тренажерҳо)-и гуногуни варзишӣ насб карда шуданд, ки ба макони дӯстдоштаи солимии сокинони пойтахти Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Имрӯз “Боғи Ирам” ба боғи фарҳангу истироҳати сокинони шаҳр табдил ёфта, дар ин ҷо асосан чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ гузаронида мешаванд. Рӯзҳои истироҳат намоишгоҳҳои маснуоти косибону ҳунармандон, эҷоди рассмон ва маҳсулоти ширкатҳои маҳаллӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин ба ҳукми анъана даромадааст, ки навхонадорон ҳатман ба боғ меоянд, то ки дар пасманзари табиати зебо аксбардорӣ намоянд.

1/26

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.