Ибтидо аз рӯзи 18 октябри соли 2021 Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуд.

Маркази матбуоти ШСХК “Барқи тоҷик” хотиррасон менамояд, ки ин Марказ дар тобеияти худ Марказҳои барқу гармидиҳии рақами 1 ва 2, дегхонаҳои ғарбиву шарқиро доро мебошад.

Ба иттилои манбаъ, интиқоли гармӣ рӯзи 18 октябри оғоз ёфта бошад ҳам, Марказ баъди як-ду рӯз пурра ба реҷаи муқаррари корӣ ворид мегардад.

“МБГ рақами 2 бо истифодаи ангишт кор мекунад ва барои мавсим ба анборҳои он соли ҷорӣ қариби 820 ҳазор тонна ангишт кашонда шудааст, - омадааст дар маълумоти ширкат. - Бояд гуфт, ки дар он пурра ангишти истеҳсоли худӣ истифода мешавад. Кашондани ангишт имрӯзҳо идома дорад”.

Гуфта мешавад, иншооти боқимондаи МБГ шаҳри Душанбе бо газе, ки аз ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон ворид карда мешавад, кор мекунанд.

Зикр мегардад, ки мувофиқи нақша дар ин давра МБГ шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз, ҷамъулҷамъ, 460 МВт неруи барқ ва 515 Г.калория гармӣ истеҳсол намуда, минбаъд ин нишондод афзоиш меёбад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз МД “Шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” хабар доданд, дар мавсими гармидиҳии солҳои 2021-2022 дар пойтахти Тоҷикистон бо гармӣ таъмин намудани 2 ҳазору 762 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба мавсими пешин 251 иншоот зиёдтар аст.


Ин иншоот аз 2 211 бинои истиқоматӣ, 64 муассисаи тиббӣ, 172 мактаб ва кӯдакистон, 315 корхонаву ташкилот иборат аст.

Ҳамагӣ дар ноҳияи Сино ба 1297 иншоот, Шоҳмансур - 512, Исмоили Сомонӣ – 510 ва Фирдавсӣ  – ба 443 иншоот гармӣ интиқол дода мешавад.

Тарифҳои гармидиҳии соли гузашта иваз нашуда, барои аҳолӣ 1,18 сомонӣ барои 1 метри мураббаъ бо шумули ААИ, ташкилотҳои буҷетӣ - 98,67 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ), барои ҳамаи дигар истеъмолгарон - 113,47 сомонӣ барои 1 Гккали гармӣ (бе назардошти ААИ) муқаррар шудааст.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории ҶТ, муассисаи “Шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе” ба ҳамаи корҳо дар ин самт то нуқтаи тақсимоти гармӣ (элеватор) ба манзилҳо масъул буда, ба ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ дар дохили бино, баргузории корҳои таъмир, ивази шабакаҳои гармидиҳӣ дар дохили биноҳо худи сокинони биноҳо масъуланд.

Тибқи қонун дар бораи нигоҳдории хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки 10 июни соли 2009 тасдиқ шудааст, моликони манзил уҳдадоранд, ки ҳамаи шабакаҳои дохили биноро дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, мукаммалии онро вайрон накунанд ва ба интиқоли гармӣ тариқи шабакаи ягонаи хона монеъа эҷод насозанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.