Хабари аз сӯйи шаҳрдории Душанбе барҳам додани бозорҳои маъруфи “Султони Кабир”-у “Осиё” дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои гуногуне дар пай дошт. Ин хабарномаро сайти шаҳрдории Душанбе шоми 24-уми ноябри соли 2021 нашр кард.
Бар асоси хабарномаи шаҳрдорӣ ин ду бозор ва маркази савдои "Мадад", ки ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳо марбут аст, аз 1-уми марти соли 2022 барҳам дода мешаванд ва дар ҷойи "Султони Кабир"-у "Осиё" шаҳркаи муосири тиббӣ бунёд мешавад.
"Азия-Плюс" ба дунболи ин хабар ва вокунишҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо молики бозори "Султони Кабир" - Аваз Кабир суҳбат кард ва нигарониҳои фурӯшандагону харидорони бозорро бо ӯ дар миён гузошт.
- Оё аз тахриби бозор шуморо расман огоҳ карданд?
Аваз Кабир: Дар расонаҳо хондем, ки бозори моро то моҳи март тахриб мекунанд ва соҳибкорон фаъолияташонро дар дигар ҷой идома медиҳанд. Аз ин зиёд чизе намедонам. То ҳол моро расман аз ин тасмим огоҳ накардаанд. Хабари тахриби бозор байни савдогарон низ паҳн шудааст, вале то ҳол ягон маҷлисе ташкил накардам, чун ягон иттилои дақиқ дар ин бора надорам.
- Масъалаи тахриби бозори “Султони Кабир” қаблан низ дар миён буд?
Аваз Кабир: Масъалаи тахриби бозори мо ҳеҷ гоҳ дар миён набуд. Агар имрӯз ин қарор қабул шуда бошад, аз инаш хабар надорам. Агар бозори мо ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқат накунад, мо омодаем, ки бо соҳибкорон суҳбат карда, то замони лозим бозорро холӣ кунем.
Баъзан шахсоне ҳастанд, ки бо ниятҳои бади худ мехоҳанд аз ин вазъият истифода карда, ҷониби шаҳрдорӣ ё мо санг зананд. Боз такрор мекунам, ки агар бастани бозори мо ҳатмӣ бошад, мо омодаем, ки онро холӣ кунем.
- Барои сохтмони бозор чӣ қадар маблағ сарф кардед?
Аваз Кабир: Дар сохтмони бозор маблағи зиёде сарф шудааст. Бозорро соли 1996 мо мувофиқи талаботи ҳамонвақта бунёд карда будем. Дар тӯли 25-соли фаъолияташ мо қариб ҳамасола онро азнавсозӣ кардем ва карда истодаем. Чун рӯз то рӯз талабот зиёд шуда истодааст ва бояд ҳамқадами замон буд. Аз ин рӯ, яке аз бозорҳои пешсафтарини пойтахт будем ва ҳастем. Маблағи барои сохтмон ва азнавсозӣ сарфшударо ҳисоб накардаем. Ман одами созандаам, агар чизи дирӯз сохтаам имрӯз кор наояд, онро куллан бозсозӣ менамоям, то ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй бошад.
- Дар умум чӣ қадар савдогар да бозор кор мекунад?
Аваз Кабир: Беш аз 1500 соҳибкор. Ҳамчунин савдогарон ба худ 3-4 ёрдамчӣ доранд, ки дар маҷмӯъ аз 5 ҳазор зиёд кор мекунанд. Тибқи ҳуҷҷатҳо бозори мо ҳаҷмаш он қадар калон нест – 4 гектару 67 садяк мебошад.
- Шумо ҳамчун молики бозор, хабари тахрибро чӣ хел қабул кардед?
Аваз Кабир: Мо омодаем, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр, дастуру супоришҳои раиси шаҳр ва сарвари давлат амал кунем. Мо одамонем, ки дар доираи қонун фаъолият менамоем. Агар сад бозор низ тахриб шавад, мо ҳеҷ гоҳ ба ҳукумат мухолифат намекунем.
Мо тарафдори ободии шаҳр ҳастем. То имрӯз тамоми дастуру супоришҳои сарвари давлатро иҷро кардем ва ин корро низ анҷом медиҳем.
Мардум барои сулҳу субот дар кишвар ҷони худро фидо карданд. Мо тайёрем, ки на танхо бозорро барои тахриб диҳем, балки агар лозим шавад, барои ободии Ватан ҷонамонро низ фидо мекунем.
- Агар давлат ба Шумо берун аз шаҳр ягон замин пешниҳод кунад барои сохтани бозори нав, шумо омодаед, ки бозор бисозед?
Аваз Кабир: Бале, агар аз дастамон ояд чаро не.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
“Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”-и Тоҷикистон маълум шуд. Онҳо кистанд ва чӣ гуна ғолиб шуданд?
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста