Миёни Тоҷикистону Русия созишнома дар бораи ташкил намудани мактабҳои русии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ гуфт, имзои созишнома дар доираи сафари кории муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон, имрӯз, 30 ноябр аз ҷониби вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини якуми вазири маорифи Россия Александр Бугаев ба имзо расид.
Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба Алексей Оверчук хабар додааст, ки маблағи ҷудошуда барои бунёди ин мактабҳо $150 млн мебошад.
Ба ғайр аз ин, байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҷалби омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон созишнома ба имзо расидааст.
Зикр гардид, ки соли панҷум аст вазорати маорифи Тоҷикистон бо вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ намуда истодаанд.
- Имрӯз дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, физика, биология ва дигар фанҳо ба забони русӣ ба хонандагон таълим медиҳанд,- гуфтааст вазири маорифи Тоҷикистон.
Алексей Оверчук дар бораи сохтмони мактаб ва омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори боварӣ намудааст, ки аз соли хониши нав ин муассиса ба фаъолият шурӯъ мекунанд.
Манбаъ менависад, ки дар созишнома дар мавриди таъмини омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон гуфта шудааст, ки онҳо дар давраи будубош дар Тоҷикистон уҳдадоранд, ки фаъолияти таълимиро дар мактабҳои Тоҷикистон бо забони русӣ дар асоси стандартҳои давлатии федеролии таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барномаҳои намунавии таълимии асосии қабулшудаи Русия, нақшаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин бо ба инобат гирифтани стандартҳои таълимӣ, қоидаҳои маъмурӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба амал мебароранд.
Ҳамчунин, дар созишнома дар мавриди мактабҳои миёнаи муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода гуфта шудааст, ки фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо дар асоси қонунгузории Русия аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Русия ва Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, таълим дар мактабҳо бо забони русӣ бо омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ ба амал бароварда мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Ҷамъоварӣ ва коркарди ғайриқонунии партовҳо дар шаҳри Душанбе. Кӣ ин корро мекунад ва чаро мақомот пеши роҳи онро намегиранд?
Принсипи муомила ба мисл. Тоҷикистон низ раводидро барои шаҳрвандони Эрон пурра лағв кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2025
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста