Дар доираи татбиқи механизми COVAX аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя (доза) ваксинаи «Covidshield» (Astrazeneca) оварда шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин миқдор ваксина шоми 1 декабр ба Тоҷикистон расонида шудааст.

Мебояд гуфт, Ҳиндустон аз нахустин давлатест, ки  моҳи марти соли 2021 дар доираи татбиқи механизми COVAX ба Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи Astrazeneca фиристод. Ин ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба маъракаи ваксинзании сартосарӣ шурӯъ намояд.

Бино ба маълумоти Вазорат, то имрӯз ба Тоҷикистон ба миқдори 6 млн 137 ҳазор воя 5 навъи ваксина ворид карда шуд.

Ба ҷуз ваксинаи аврупоии «Covidshield» (Astrazeneca истеҳсоли Ҳиндустон), дар Тоҷикистон зидди корнавирус метавон аз ваксинаҳои CoronaVac аз Чин,  Moderna ва Pfizer-м амрикоӣ, инчунин «Спутником V»-и Русия низ эм гирифт.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 млн 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин,  то ин дам 2 млн 590 ҳазору 545 нафар (44,5%)  шаҳрвандони кишвар бо вояи дуюми ваксина эм шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.