Имсол шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба далели пайдо нашудани довталаби муносиб аз миёни ширкаткунандагони имсолаи озмун ба касе дода нашуд.
Маросими ҷоизасупории озмунии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо сарпарастии раисҷумҳури Тоҷикистон мегузарад, шоми имрӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбаст шуд.
Эҳсон Сафарзода, сухангӯй Вазрати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки "бинобар сабаби ҷавобгӯй набудан ба талаботи низомнома имсол шоҳҷоиза насиби ягон нафар аз иштирокчиёни озмун нагардид".
Номбурда гуфт, бо вуҷуди ин, аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср ғолибон дар бахшҳои гуногун муайян шуданд.
Ҳамин тариқ, Родмеҳр Сулаймонӣ, шоири ҷавон ва муаллими мактаби №41-и ноҳияи Мастчоҳ дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи якум ва Муртазоалӣ Муродов муаллими мактаби №58-и шаҳри Истаравшан дар номинатсияи эҷоди наср ба мақоми аввал расид.
Ҷойи дуввумро дар номинатсияи эҷоди назм Баҳманёри Саидқул, мудири бахши фарҳанги ноҳияи шаҳритус ва Куҳзод Тағоев, муҳаррири Кумитаи телевизион ва радио ва дар бахши наср Мирзошариф Шарифзод, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 1 ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ва Ҷамила Муродова, омӯзгори литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб гирифтанд.
Ҳайати ҳакамон ҷойи сеюмро дар бахши назм ба Фозил Муқимзода, донишҷӯйи Донишкадаи фарҳанг ва Давлатмурод Алиев, корманди маорифи ноҳияи Сангвор ва дар эҷоди наср ба Садафмоҳ Азимова, хонандаи синфи 11-и литсейи №2 Душанбе ва Фурқат Низомов, корманди ТВ "Сафина" сазовор донистанд.
Дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар гурӯҳи хонандагони мактабҳои умумӣ ва ибтидоии касбӣ София Ширинова, хонанади мактаби миёнаи № 3-и шаҳри Роғун соҳиби ҷойи якум, Фариза Пошанбиева, хонандаи синфи 8-и мактаби № 21-и Рӯшон ва Усмон Салимзода, хонандаи синфи 2-и гимназияи № 2-и Душанбе соҳиби ҷойи дуюм, Рӯдакӣ Норов, хонандаи синфи 8-и мактаби № 34-и шаҳри Панҷакент ва Сафиямоҳ Юсупова, хонандаи синфи 7-и гимназияи Донишгоҳи давлатии Бохтар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамин тариқ, тибқи хулосаи ҳакамон дар ин номинатсия дар миёни донишҷӯён Ҷононаи Зикрулло, донишҷӯйи Академияи ВКД соҳиби ҷойи якум шуд.
Ансоралӣ Эшбеков, донишҷӯйи Донишгоҳи Хуҷанд ва Садриддин Негматов, донишҷӯйи Донишгоҳи аграрӣ соҳиби ҷойи дуюм ва Зебинисо Назарова, донишҷӯйи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ва Шоира Хуҷамардова, донишҷӯйи Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ Ёдгори Аслинисо, докторанди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Музаффар Сулаймонов, корманди телевизиони Баҳористон соҳиби ҷойи якум, Фариза Мамадназарова, омӯзгори литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ ва Фирӯза Мирахмедова, омӯзгори мактаби № 61-и ноҳия Ашт соҳиби ҷойи дуюм шуданд.
Бузургмеҳр Боймуродов, муҳаррири барномаҳои мусиқии Радиои Тоҷикистон ва Саломат Фаттоева, омӯзгори аз ноҳияи Спитамен дар ин номинатсия соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамчунин, дар номинатсияи адабиёти классикӣ дар гурӯҳи хонандагони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ Зайнаб Зиёева, хонандаи синфи 11-и мактаби № 5 -и шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум гардид.
Дар ин бахш ҷойи дуввум насиби Фарзона Сафарова, хонандаи мактаби № 10-и ноҳияи Вахш ва Ҳоҷимоҳ Нурова, хонандаи мактаби 13-и ноҳияи Айнӣ шуд. Ҷойи сеюмро Ориёнури Султоншо, хонандаи мактаби 29-и ноҳияи Рӯшон ва Меҳрангез Набиева, хонандаи гимназияи "Ганҷ"-и шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд.
Дар миёни донишҷӯён дар номинатсияи адабиёти классикӣ Соҳиба Изатова, донишҷӯйи Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷойи якум гардид.
Муродҷон Саҳобиддинов, донишҷӯйи Донишгоҳи Хуҷанд ва Гулнисо Содиқзода, донишҷӯйи Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён соҳиби ҷойи дуюм, Маликабону Рӯзиматова, донишҷӯйи Донишгоҳи Хуҷанд ва Шабоҳанги Абдусаттор, донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории ба номи Айнӣ соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ Наргис Мирзоева, унвонҷӯйи Донишгоҳи аграрӣ ва Шодмонбибӣ Шарофова, докторанти Донишгоҳи Хуҷанд соҳиби ҷойи дуюм, Лоиқ Собиров, унвонҷӯйи Донишгоҳи Бохтар ва Исмоил Саидов, докторанти Донишгоҳи Хуҷанд соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Муҳиба Асоева, китобдори Китобхонаи илмии Академияи илмҳо соҳиби ҷойи якум гардид.
Ҷойи дуввум дар ин номинатсия сазвори Моҳрӯ Қурбонзода, омӯзгори мактаби 13-и ноҳияи Ашт ва Убайдулло Хуҷаёров, корманди рӯзномаи "Паёми Душанбе" шуд.
Ваҳдатшоҳ Мариншоев, сарбоз аз шаҳри Бӯстон ва Фирӯз Шамсиддинов, бошандаи шаҳри Душанбе, маъюби гуруҳи 1 соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар номинатсияи адабиёти муосир дар байни хонандагон Гулҷон Наҷмиддинова, хонандаи мактаби 13-ит Панҷакент соҳиби ҷойи якум, Мудассира Нарзиқулзода, хонандаи мактаби 87-и Душанбе ва Ҳабибулло Ҷобирзода, хонандаи гимназияи 2-и шаҳри Бӯстон соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.
Дар ин бахш Соҳибҷон Норов, хонандаи мактаби 18-и шаҳри Панҷакент ва Фарзона Зафарзода, хонандаи синфи 4-и гимназияи 2-и Душанбе соҳиби ҷойи сеюм шуданд.
Дар миёни донишҷӯён дар ин бахш Исрофил Маҳмудзода, донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи миллӣ соҳиби ҷойи якум гардид.
Авзалшоҳ Сироҷиддинов, донишҷӯйи Донишгоҳи Бохтар ва Шарифҷон Мизробов, донишҷӯйи Донишгоҳи Хуҷанд соҳиби ҷойи дуюм, Покиза Шодмонзода, донишҷӯйи Донишгоҳи Хуҷанд ва Шоира Давлатзода, донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар миёни омӯзгорон, кормандони аҳли фарҳанг, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Муқаддам Абдуллоева, соҳибхоназан аз шаҳри Ҳисор соҳиби ҷойи якум шуд.
Асрор Карамалиев, бошандаи ноҳии Роштқалъа ва Саида Одинаева, омӯзгори мактаби № 29-и ноҳияи Мастчоҳ соҳиби ҷойи дуюм гардиданд.
Ҷойи сеюм дар ин бахш насиби Сайрамбӣ Воҳидова, омӯзгори Коллеҷи технологию фармасевтии ноҳияи Ёвон ва Шукрона Рустамзода, ассистенти Донишгоҳи миллӣ гардид.
Дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон дар байни гурӯҳи хонандагон Ганҷина Шерализода, хонандаи мактаби № 59-и Душанбе соҳиби ҷойи якум шуд.
Ҳамин тариқ дар ин бахш Сафина Домуллоҷонова, хонандаи литсейи иноватсионии Душанбе ва Нодира Раҳимова, хонандаи мактаби 41-и ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойи дуюм, Лайло Султонзода, хонандаи мактаби № 7-и Хуҷанд ва Сарвиноз Файзуллобекова, хонандаи синфи 6-и литсейи оқохони шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар миёни донишҷӯён дар ин бахш Дилноза Бобомуродова, магистери Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум шуд.
Аслиддин Мирзошоев, донишҷӯйи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ ва Насиба Ҳафиззода, донишҷӯйи Донишгоҳи миллӣ соҳиби ҷойи дуюм, Алома Собирова, донишҷӯйи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ва Шаҳзодахон Бурхонова, донишҷӯйи Донишгоҳи миллӣ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Дар миёни аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ Гулпарӣ Ҳусейнова, муаллими калони Донишгоҳи молия ва иқтисод соҳиби ҷойи якум, Наврӯзи Ҷумъамурод, корманди вазорати маориф ва илм соҳиби ҷойи дуюм шуданд.
Дар ин бахш дар миёни омӯзгорон, аҳли фарҳанг, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун Мулкия Аҳтамзода, китобдори Китобхонаи кӯдаконаи шаҳри Душанбе ҷойи якум гардид.
Зулайхо Иззатзода, омӯзгори Доникшвадаи фарҳанг ва Шозодабегим Шукрихудоева, омӯзгори литсейи Оқохони шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи дуюм шуданд.
Дар ин бахш Ислом Боймуродов, омӯзгори мактаби № 7-и ноҳияи Шаҳристон ва Гулчеҳра Самадова, омӯзгори мактаби № 7-и ноҳияи Вахш соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуввум 25 ҳазор ва ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ, диплом ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста