Дар шаҳри Хуҷанд аллакай се рӯз инҷониб автобусҳо ба хатсайрҳо намебароянд. Сабаби қатъи кори нақлиёт ба камбуди сӯзишвории дизелӣ (солярка) дар шаҳр вобаста буда, лекин ин мушкил қариб ҳал шудааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” Музаффар Раҳимхоҷаев, директори КВД “Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд”.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз, 17 декабр ё пагоҳ 40 автобус дар се хатти мусофирбари шаҳр ба равуо оғоз мекунанд.
“Сабаби бозистии кори автобусҳо ба норасоии сӯзишворӣ рабт дорад, лекин мо аллакай бо ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ ба мувофиқа расидем ва имрӯз ё пагоҳ автобусҳо ба кор мебароянд. Сӯзишвориро мо аз ҳисоби буҷети мақомоти маҳаллии идоракунӣ мехарем”, - иброз дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, ӯ эътироф намуд, ки корхона ба ширкатҳои таъминкунанда қарздор буда, ин қарз гӯё аз роҳбарони пешинаи КВД “Нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” боқӣ мондааст.
Ифшои маблағи қарзро Раҳимхоҷаев рад кард. Лекин хотиррасон намуд, ки тайи ним соли ахири кори ӯ ба ҳайси роҳбари КВД қарзҳои нав ба ширкатҳои таъминкунанда пайдо нашудааст.
Ба қавли номбурда, айни замон корхона рӯйи ба роҳ мондани ду хати нави мусофирбар дар шаҳр кор мекунад. Эҳтимол автобусҳо ба ин хатҳо пас аз соли нав ба равуо шурӯъ кунанд.
Раҳимхоҷаев изҳор дошт, ки дар бораи чӣ гуна будани хатсайрҳо дар ин хатҳои нав баъдан маълумот хоҳад дод.
Қатъи кори автобусҳо сокинони шаҳри Хуҷандро нигарон кард. Нӯшофарин, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба “Азия-Плюс” дар ин робита гуфт, бо ин сабаб ӯро лозим меояд, ки пули зиёдатӣ харҷ кунад, чунки акнун маҷбур бо микроавтобус (маршрутка) ба донишгоҳ меравад ва роҳкирои он гаронтар мебошад.
“Бо автобус бо 1 сомонӣ ба донишгоҳ мерафтам, акнун 2 сомонӣ бо маршрутка. Умедворам, ки автобусҳо ба наздикӣ корашонро барқарор мекунанд, чунки рӯзи дуюм инҷониб 10 сомонӣ зиёдтар харҷ мекунам. 10 сомонӣ барои донишҷӯ пули калон аст”, - мегӯяд ӯ.
Бори аввал нест, ки дар кори нақлиёти ҷамъиятии Хуҷанд мушкилӣ пеш меояд. Моҳи август 90%-и автобусҳо бар асари болоравии арзиши сӯзишвории дизелӣ корашонро боздоштанд. Танҳо баъди як моҳ кори онҳо барқарор шуд. Ҳамон вақт дар нақлиёт пардохти ғайринақдӣ ҷорӣ шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.