Тибқи маълумоти обуҳавошиносони Тоҷикистон, ҳавои боронӣ бо баъзан танаффусҳо дар ҷумҳурӣ то 8 январ идома меёбад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии кишвар.

Ба иттилои манбаъ, ин рӯзҳо дар як қатор ноҳияҳо туман ба мушоҳида мерасад. Ба сурати умум, дар кишвар обуҳаво абрнок шуда, дар водиҳои баъзе ноҳияҳо баъзан борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ барфи тар меборад.

Дар пойтахт рӯзҳои наздик боридани барф дар назар аст.

Дар Душанбе давоми ин рӯзҳо ҳаво абрнок шуда, боронҳои кӯтоҳмуддат ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона 2-5 ва рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Агентии обуҳавошиносӣ дар сомонаи худ ҳушдор медиҳад, ки рӯзи 5 январи соли ҷорӣ дар ағбаҳо тормеғ (туман) фаромада (дурии биниш аз 400 метр камтар), пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 5-7 январ дар баъзе ноҳияҳо бо истисно аз ВМКБ тормеғ (туман) мефарояд. Рӯзҳои 5-6 январ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 январ бар асари фаромадани 14 тарма дар роҳи Душанбе-Чанок ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт қатъ шуда буд. Айни замон роҳ барои ҳаракати автомашинаҳои сабукрав боз аст.

Ҳамчунин роҳи Душанбе-Хоруғ низ баста аст. Маълумот дар бораи вазъи кунунии ин роҳ дастрас нест.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи боқӣ мондани хатари лағзиши тарма дар аксари қитъаҳои роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ огоҳӣ дода буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.