Аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик, ки расман дар Русия кор мекунанд, метавонанд барои дарёфти нафақа муроҷиат кунанд. Созишномаи дахлдорро президентҳои ду кишвар моҳи сентябри соли 2021 имзо кардаанд. Дар ин бора имрӯз, 7 феврал Дилмурод Давлатзода, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, барои ин муҳоҷирони кории тоҷик бояд дар Русия расман кор кунанд ва маошашон суғурта шуда бошад.
Ба гуфтаи Давлатзода, Оҷонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон бо Қирғизистон ва Ӯзбакистон низ бо мақсади рушди ҳамкориҳо дар заминаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ созишнома ба имзо расонидааст.
Раиси оҷонсӣ гуфт, ки кадом тоифаи муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кор мекунанд, метавонанд ба гирифтани нафақаи русӣ умед банданд.
Муҳоҷирон чӣ тавр нафақаи Русияро гирифта метавонанд?
Агар муҳоҷир танҳо маблағи патентро барои кор дар Русия пардохт кунад, ин маънои онро надорад, ки дар оянда ӯ метавонад дар онҷо нафақа бигирад. Дар баробари патент бояд бо корфармо шартнома, дафтарчаи меҳнатӣ ва рақами суғуртаи суратҳисоби шахсии инфиродӣ дошта бошад. Корфармо бояд ҳар моҳ барои ҳар як корманд, ба Хазинаи нафақаи Русия маблағи суғурта супорад.
Тибқи созишномаи баимзорасида корманд ҳангоми кор дар Русия метавонад худаш интихоб кунад, ки дар кадом кишвар мехоҳад нафақа бигирад - дар Русия ё дар Тоҷикистон.
Агар пас аз ба нафақа баромадан корманд тасмим гирад, ки ба кишвари сеюм, яъне на дар Русия ва на дар Тоҷикистон зиндагӣ кунад, боз ҳам нафақа мегирад. Ҳисобҳо аз ҷониби кишваре, ки ӯ дар он расман кор кардааст ва нафақа додааст, ҳисоб карда мешавад. Яъне, асоси нафақаи оянда ҳамин ҳаққи суғуртае мебошад, ки корфармо барои корманд медиҳад. Ҳиссагузорӣ 22 фоизи фонди солонаи музди корро ташкил медиҳад.
Аз ин 22 фоиз — 6 фоизаш тарифи ҳамраъй мебошад, ки барои ташаккули пардохтҳои устувор таъин шудааст ва 16 фоизаш тарифи индивидуалӣ мебошад, ки аз ҳисоби фонди инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб гирифта мешавад.
Барои додани шаҳодатномаи суғурта мустақилона шаҳрванди хориҷӣ бояд ба хадамоти Фонди нафақа дар ҷои истиқомати муваққатӣ ё доимии худ муроҷиат кунад.
Ёдовар мешавем, ки дар Федератсияи Русия синни нафақа дар айни замон барои мардон 61,5 сол ва барои занон 56,5 сол аст.
Ҳадди ақали нафақа дар Русия мувофиқи ҳадди ақали зиндагӣ барои нафақахӯрони Русия ҳисоб карда мешавад. Ҳар як минтақаи Федератсияи Русия музди меҳнати худро дорад. Умуман, дар Русия ҳадди ақали нафақа каме бештар аз 10 ҳазор рубл аст.
Ҳаҷми миёнаи нафақа то 1 январи соли 2022 дар Русия 18 521 рублро ташкил дод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Боз 47 зану кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба Тоҷикистон баргардониданд
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста