Роҳи Душанбе-Чаноқ бар асари бориши зиёди барф муваққатан баста аст. Дар ин бора ширкати IRS шоми дирӯз хабар дода буд.

"Бинобар бориши бениҳоят шадиди барф ва мавҷудияти хавфи тармафароӣ, ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан маҳдуд карда шуд".- хабар дода буданд аз IRS.

Аммо субҳи имрӯз ин ширкат аз фаромадани тарма дар ин роҳ хабар дод ва гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд дар зудтарин фурсат роҳ кушода хоҳад шуд.

1/3

"Ҳоло бартарафсозии пайомади тармафароии шабона,  тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш идома дошта, дар назар аст, ки ду соат пас ҳаракати нақлиёт иҷозат дода шавад", - хабар доданд аз ширкати IRS.

Манбаъ афзуд, ки баробаир  кушодашавии роҳ дар ин бора ҳатман хабар медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.