Абдуқодир Талбаков, рӯзноманигор ва мудири Китобхонаи Лоҳутии пойтахт, ки чанд рӯз пеш аз ҷониби як ҷавон барои шарҳу баёнияҳояш дар бораи рӯҳониён ва пуштибонияш аз таърихи пешазисломии тоҷикон дар Душанбе мавриди таҳқир ва ҳамла қарор гирифт, аз домулло Абдураҳими Қазоқонӣ домангир аст ва мегӯяд, ӯро ба додгоҳ кашида, аз ӯ 1 миллион сомонӣ товон талаб мекунад.
Гуфта мешавад, ки 14-уми феврали соли равон дар маҳаллаи Зарафшони Душанбе ҷавоне бо рӯйи пӯшида ба Абдуқодир Талбаков ҳамлаи лафзӣ карда, мехост ба ӯ зарари ҷисмонӣ расонад.
Абдуқодир Талбаков, имрӯз, 18-уми феврал дар суҳбат бо "Азия-Плюс" гуфт, ки ҷавон таҳдидкарда ба ӯ "эй зардуштӣ" гуфта хитоб кардааст ва гуфтааст, ки “дар назди мо барои таҳқири домулло ва риши домулло ҷавоб мегӯйӣ". Баъди он ки ӯ даст ба бағалаш бурд ва Талбаков гумон кард, ки корд ё яроқе гирифтанӣ аст, садо баланд кард ва ҷавон гурехт, вале ӯ тавонист, ки ӯро аз пушт акс бигирад.
Ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин акс сабаб шуд, ки мақомот ин ҷавонро дастгир намояд.
Як рӯз пас аз ин ҳодиса, Раёсати корҳои дохилии Душанбе Туғён Исмоилови 25-соларо бо гумони "таҳқир ва таҳдид" ба Абдуқодир Талбаков дастгир карда, бо гуноҳи "майдаавбошӣ" ба понздаҳ шабонарӯз ҳабс маҳкум кард. Ҳарчанд мақомот номе аз ҷабрдида наовардаанд, вале Абдуқодир Талбаков мегӯяд, ҳодиса ба ӯ рабт дорад.
Пулиси Душанбе мегӯяд, воқеаро таҳқиқ мекунад, ки ин ҷавон дар ҷиноятҳои дигар даст дорад ё не.
Радиои “Озодӣ” аз қавли наздикони ин ҷавон навиштааст, ки Туғён Исмоилов, сокини деҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор аст ва дар як сохтмон дар Душанбе кор мекард. Пайвандонаш аз ҳодисаи ахир изҳори бехабарӣ карданд ва гуфтаанд вазъи равонии Туғён хуб нест.
Абдуқодир Талбаков бовар дорад, ки маҳз навиштаҳояш дар бораи рӯҳониён пуштибонияш аз таърихи пешазисломии тоҷикон, махсусан дини Зардушт ва китоби Авасто ба ин ҳодиса сабаб шудааст.
Талбаков дар суҳбат бо мо, домулло Абдураҳим, маъруф ба Абдураҳими Қазоқониро фармоишгари ин ҳамла номид ва гуфт, ки ин ҷавон яке аз муридони Қазоқонӣ аст ва аз суханони ҷавони ҳамлагар маълум буд, ки ӯ аз суханони Абдуқодир дар мавриди риши домуллоҳо озурда аст.
Ин дар ҳолест, ки худи ҷавон баъди боздошт ва мулоқоти рӯбарӯ бо Талбаков дар бораи фармоишгари ҳамла ва муриди Абдураҳим буданаш чизе нагуфтааст.
- Аз рӯи суханонаш маълум аст, ки фармоишгар Абдураҳими Қазоқонӣ аст. Чун ман танҳо бо ӯ дар мавриди риши домуллоҳо баҳс доштам ва ин корро танҳо муридони ӯ метавонанд кунанд. Ва ин бори аввал нест, панҷ-шаш маротибаи дигар ҳамлаҳо буд, вале аз сабаби он ки далели мушаххас надоштам ба мақомот муроҷиат накардам. Ба ғайр аз ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо, зангҳои телефонву смс-ҳо ба суроғаи ман садҳо маротиба таҳдиду таҳқир ворид мешаванд,- зирк кард Талбаков.
Баъди сар задани ин ҳодиса, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки Талбаков бо домулло Абдураҳим хусумати шахсӣ дорад ва аз ин рӯ ҳодисаи ахиро ба домулло рабт медиҳад.
Ҷаноби Талбаков мегӯяд бо Абдураҳим Қазоқонӣ хусумати шахсӣ надорад ва танҳо баҳсҳои лафзӣ мекарданд.
Ба гуфтаи ӯ, баҳси онҳо, соли гузашта замоне сар зад, ки Абдураҳим дар чандин амри маъруфҳояш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гузаштагони тоҷикон иҳонат кард, Зардушт ва китоби Авасторо дашном кард. Баъди ин, ман дурушттар ва сахттар аз ӯ дар посух ба ӯ гуфтам, ки ҳар калтарише, берише, паҳмрише, ҷорубрише аз ин ба баъд Зардуштро ҳақорат мекунад, ман ба додгоҳ мурооҷаит мекунам. Ӯ дар амри маъруфҳои дигараш зикр кард ки як зардуштӣ пайдо шудааст, ки мехоҳад зардуштро зинда кунанд ва муқобили ман туҳматномаҳо нашр кард.
Абдуқодир Талбаков ният дорад, ки дар оянда аз Абдураҳими Қазоқонӣ ба додгоҳ муроҷиат кунад ва аз ӯ 1 млн сомонӣ тавони маънавӣ талаб кунад. Ӯ гуфт, мулло Абдураҳим шахсияти ӯро таҳқир намуд ва ҳарчанд то дирӯз мехост баҳсҳоро хотима диҳад, вале вақте кор то ба таҳдиди куштан расид, ӯ хомуш наменишинад.
“Азия - Плюс” талош кард, дар робита ба мавқеи Талбаков ва ҳаводиси ахири дахил дар ин қазия, ки баҳсҳои гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст, назари домулло Абдураҳими Қазоқониро низ дарёфт кунад, вале домулло Абдураҳим аз суҳбат бо мо худдорӣ кард. Ӯ дар як суҳбати кӯтоҳи телефонӣ пас аз салому алейк ва шунидани ин нукта, ки рӯзноманигор ҳастем, гуфт, "кор дорам" ва тамосро қатъ кард.
Абдуқодир Талбаков бо навиштаҳо ва видеоҳои зиёдаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мавзуъҳои ҳасоси диниро ба баҳс мекашад маъруф аст, ки бархеҳо инро ба маънои нохун задан ба торҳои нозуки эҳсосоти дину боварҳо медонанд.
Талбаков иддао дар мавриди нохун задан ба эҳсоси динии мардумро рад кард ва гуфт, ҳеҷ гоҳ исломро ҳамчун дин инкор накаадааст, падару бобояш олими ислом буданд.
- Сад хатми Қуръон дорам, муаллими форсиям. Ягона китобе, ки аз Қуръон зиёдтар дар Тоҷикистон чоп шуда буд, китоби ман аст, ки «Муъҷизаҳои Қуръон» ном дорад. Тарҷума ва таҳияи худам аст. Яъне, 40 ҳазор нусха, 20 соли ахир даст ба даст рафтааст. Танҳо мехоҳам, ки дигарон гузаштагони моро ҳақорат накунандд, таърихи 5- ҳазорсолаи моро сиёҳ накунанд,- иддаомекунад Талбаков.
Номбурда гуфт, мехоҳад, ки домулло Абдураҳим расман аз ӯ узр пурсад ва бо хитоб ба муридону шогирдони худ бигӯяд, ки Талбаков ҳам мусалмон аст, зардуштӣ нест ва даст аз ӯ бардоред. Ӯ мегӯяд, танҳо дар ин сурат аз даъвояш мегузарад ва баҳс бо ӯ хатм мешавад.
Талбаков бовар дорад, ки аз баҳси онҳо ду - се нафар мехоҳанд маблағ кор кунанд, аз ин хотир дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси онҳоро метезонанд. Ба гуфтаи ӯ, шояд Абдураҳими Қазоқонӣ худаш надонад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Ютуб” бар муқобили ман чӣ қадар туҳматҳо гаштааст.
Абдуқодир Талбаков иддаои бархеҳо дар мавриди он ки гӯё ин ҳодиса саҳнасозӣ ва пешакӣ таҳрезӣ шудааст, рад кард ва гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба худаш иҷозат намедод, ки чунин корро қасдан кунад.
Ҷаноби Талбаков мегӯяд, аллакай адвокат гирифтааст ва ҳафтаи дигар аз болои ҳамаи каналҳои “Ютуб”, ки дар маҷмӯъ, ҳудуди 600 ҳазор обуначӣ доранд ва бар зидди ӯ наворҳои туҳмату таҳқиру пастзанандаи обрӯву эътибор нашр караданд, ба додгоҳ аризаи расмӣ пешниҳод мекунад.
Дар маҷмӯъ, 18 шабака дар "Ютуб" сар аз канали Тураҷонзодаҳову Ҳоҷӣ Мирзо, то канали домулло Абдураҳим ва ҳамаи касоне, ки наворҳоро роҳ додаанд, маъмуронашон, муасис ва соҳибони онҳоро ба додгоҳ мекашам.
- Адвокати ман рӯйхат карда истодааст. Рӯзи душанбе-сешанбеи ҳафтаи дигар аризаи ман расман ба додгоҳ ворид мешавад ва инро эълон мекунам. Ҳамаи инҳо маро палиду кофир гуфтаанд. Аз ҳамаи инҳо 1 млн сомонӣ ҷуброни маънавӣ талаб мекунам. Ҳамаи инҳо дар раванди додгоҳӣ ширкат мекунанд. Ман ҷиддӣ сари ин масъала ҳастам, - гуфт ӯ.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста