Аз 14 то 19 марти соли 2022 дар Тоҷикистон ташхиси масунияти шаҳрвандон дар баробари COVID-19 бо дар назар гирифтани эҳтимолияти сироятёбӣ ба ин беморӣ, гузаронида мешавад. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин ташхис ройгон аст.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, ин ташхис аз сӯйи Пажуҳишгоҳи тиббӣ-профилактикии Тоҷикистон муштаракан бо Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ва микробиологияи Русия гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, афроде, ки мехоҳанд дар тадқиқоти мазкур ширкат кунанд ба марказҳои саломатии маҳали зисташон: дар Душанбе (марказҳои саломатии 1,8,9,10,12,13 ва 14) Турсунзода (муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва Беморхонаи марказии шаҳрӣ - КАТС ва БМШ ), Ваҳдат (КАТС ва БМШ), Ҳисор (МНДСЭ (Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ) муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон сокинони Вилояти Хатлон ба Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, вилояти Суғд ба МВНДСЭ ва КАТС-и шаҳри Хуҷанд, дар шаҳри Панҷакент ба КАТС ва МНДСЭ, дар шаҳри Истаравшан ба КАТС ва МНДСЭ ва дар шаҳри Исфара ба КАТС ва МНДСЭ муроҷиат кунанд.
Сабти ном барои ҳузур дар тадқиқот дар нуқтаҳои муайяншудаи шаҳру навоҳии кишвар ба гунаи электронӣ сурат мегирад. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки шумораи нафароне, ки бояд дар тадқиқот иштирок намоянд, маҳдуд аст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, барои дарёфти маълуморти бештар, шаҳрвандон метавонанд ба рақами 511- Маркази зиддибуҳронии масоили марбут ба COVID-19 тамос бигиранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста