Ширкат мушкилоти пайдошударо, ки ба боздошт ё бекор шудани парвоз дар хатсайрҳо боис гардид, ҳаллу фасл намуда, парвозҳоро ба ё аз Тоҷикистон ба Русия барқарор намуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” рӯзи 15 март аз намояндагии ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии”.

“Дар давоми ду рӯз 5 парвоз дар хатсайрҳои мо бекор ва якчанд парвозҳо ба таъхир афтоданд. Сабабҳои ин ба таҳримҳои авиатсионӣ нисбати Русия ва ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои мусофирбари Русия гузаронидани ҳавопаймоҳо марбут аст. Ҳоло сабти дубораи ҳавопаймоҳо идома дорад”, - иброз доштанд дар намояндагӣ.
1/2

Дар ширкат гуфтанд, “билетҳое, ки ба хатсайрҳои бекоршуда харида шудаанд, ба дигар хатсайрҳо гузаронида мешаванд”.

Зимнан таъкид шуд, ки аз рӯзи 15 март ширкат ба иҷрои парвозҳои таъхиршуда аз фурудгоҳҳои гуногуни кишвар оғоз мекунад.

“Маълумот дар бораи боздоштани иҷрои барномаи парвозҳо ба Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад. Мо парвозҳоро қатъ накарда, минбаъд низ онҳоро анҷом хоҳем дод”, - илова намуданд дар намояндагии ширкат.

Қобили зикр аст, ки президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 март қонунеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он ширкатҳои Русия ба сабти ҳуқуқҳо ба ҳавопаймоҳои хориҷӣ, ки ба сифати лизинг дар ихтиёриашон аст, имкон пайдо мекунанд, хабар дод нашрияи “Известия”.

Аз ин ба баъд ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳавопаймоҳои хориҷиро дар хатсайрҳои дохилӣ истифода бурда метавонанд ва инчунин ба онҳо гувоҳномаҳо (сертификатҳо)-и коршоямии парвоз дар Русия дода мешавад.

Қаблан дар бораи ба таъхир афтодани парвоз дар хатсайрҳои ширкати “Уральские авиалинии” дар Тоҷикистон ва Русия, инчунин арзон шудани билети парвозҳо ба Русия хабар дода будем.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.