Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон.

“Аз 21 май ширкати ҳавопаймоии Turkish Airlines аз Душанбе ба Истанбул ва бозгашт аз он дар як ҳафта се парвоз -  анҷом медиҳад - рӯзҳои душанбе, панҷшанбе ва шанбе аз Душанбе ба Истанбул ва рӯзҳои якшанбе, чоршанбе ва ҷумъа - аз Истанбул ба Душанбе. Вақти парвоз аз Душанбе соати 05:25 ва аз Истанбул ба Душанбе - соати 20:45 бо вақти маҳаллӣ”, - гуфтанд дар ширкат.

Дар сомонаи расмии Turkish Airlines нархи билет ба хатсайри рӯзи 21 май ба самти Душанбе-Истанбул 300 доллар билети дараҷаи эконом-класс ва 1 ҳазору 48 доллар дараҷаи бизнес-класс муқаррар шудааст. Дар бозгашт билетҳо мутаносибан 395 доллар ва 1 ҳазору 169 доллар нарх доранд.

Зиёд шудани парвозҳоро аз Душанбе ба Истанбул ва бозгашт аз он ба “Азия-Плюс” дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон тасдиқ карданд.

“Агентӣ аз 15 апрел ба ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Turkish Airlines” ҷиҳати иҷрои парвозҳо ба самти Душанбе-Истанбул-Душанбе дар як ҳафта се маротиба иҷоза дод. Дар кадом рӯзҳои ҳафтаву аз кай ва дар кадом вақт иҷро шудани парвозҳоро худи ширкатҳо муайян мекунанд”, - зикр карданд дар Агентӣ.

Айни замон бо хатсайри Душанбе-Истанбул ва бозгашт аз он ширкати «Turkish Airlines» рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ва “Сомон Эйр” - рӯзҳои сешанбе ва ҷмуъа парвозҳо ба иҷро мерасонанд.

Арзиши билети ширкати Turkish Airlines бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар рӯзи 21 апрел 447 доллар зикр шудааст.

Нархи билети ширкати “Сомон Эйр”  бо хатсайри Душанбе-Истанбул дар сомонаи ширкат 276 евро нишон дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.