Шурӯъ аз 1-уми май то 31 августи соли равон аз соати 10-и субҳ то 20-и шом ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва вазнашон аз  6 тонна боло дахл дорад. Дар ин бора ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), ки масъули нигоҳдорӣ ва пулҷамъкунии роҳ аст, хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, иқдоми мазкур барои пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ рӯи даст гирифта шудааст.

- Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст, - навиштаанд намояндагони ширкат.

Намояндагони ширкат гуфтаанд, ки тибқи зарурат бо супориш ва дастури Ҳукумати Тоҷикистон, давомнокии маҳдудияти мавсимӣ тағйир дода мешавад ва тағйир додани реҷа ҳангоми аз 25 дараҷа паст гардидани ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешбинӣ шудааст.

Ин ширкат ҳамчунин, афзудааст, ки талаботи зикршуда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли чорво ва автомобилҳои барои интиқоли борҳои тезвайроншаванда махсусгардонидашуда, ки вазни умумиашон на зиёда аз 10 тонна аст (категорияи 2 бе ядак), татбиқ намешавад.

- Ба ибораи дигар, чунин намуди автомобилҳои боркаш дар мавсими ҷорӣ шудани маҳдудият метавонанд дар вақти дилхоҳ ҳаракат намоянд, - гуфтаанд онҳо.

Ёдовар мешавем, ки ширкати IRS бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад. Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ - насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи истифодаи роҳ мегирад.

Роҳи Душанбе-Чаноқ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо намояндагии он амал  ва шароити кори ширкатро созишномаи чанд сол пеш имзошуда танзим мекунад. Ин ширкат ҳамчунин аз пардохти  бархе навъҳои андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.