Аз 4-уми октябри соли 2022 Сафорати ИМА дар ш. Душанбе ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратии ИМА-ро барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон оғоз мекунад. 

“Дар давоми якум соли кор бо раводидҳои муҳоҷиратӣ, мо қабули шумораи зиёди аризадиҳандагонро аз Тоҷикистон, аз ҷумла аъзоёни оилаҳои шаҳрвандон ва иқоматкунандагони доимии ИМА, ғолибони лотереяи «Грин корт» 2023-ро (DV 2023) пешбинӣ мекунем”, - гуфта мешавад дар сомонаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон

То октябри соли ҷорӣ раводидҳои муҳоҷиратии ИМА барои шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон дар Консулгарии генералии ИМА дар ш. Алматои Қазоқистон ба расмият дароварда мешаванд. 

Ғолибони лотереяи «Грин корт»-и соли 2022 (DV2022) супоридани аризаҳои худро дар шаҳри Алмато то 30 сентябри соли 2022 идома медиҳанд.

“Дар давоми шаш моҳи оянда мо бо Консулгарии генералии ИМА дар шаҳри Алмато ҳамкорӣ хоҳем кард, то гузариши осонро таъмин кунем ва маълумоти бештарро ба аризадиҳандагони раводид дар сомонаҳои худ пешниҳод намоем”, - таъкид мешавад дар хабари сафорат.

Дар соли 2022 Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон 30-юмин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Бо рушди равобити дуҷониба хизматрасониҳои консулии ИМА васеъ гардиданд. 

Зикр мешавад, ки ҷорӣ намудани хизматрасониҳо марбут ба раводидҳои муҳоҷиратӣ дар Тоҷикистон ин пешравии назаррасест, ки минбаъд ҳам равобити дуҷонибаро таҳким медиҳад. 

«Иёлоти Муттаҳида таърихи тӯлонии қабули муҳоҷиронро аз тамоми ҷаҳон дорад.  Бо ин тағйирот вобаста ба расмият даровардани раводид, мо роҳи дарёфти раводиди муҳоҷиратиро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба талаботҳои гирифтани раводид ҷавобгӯ ҳастанд, осон кардем.  Ин пешравии мусбат боз як марҳалаи таърихӣ дар тӯли 30 соли муносибатҳои фаъол, эҷобӣ ва дӯстона байни кишварҳои мост», - иброз доштааст Сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм.

Бахши консулии Сафорат ба шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон хизматрасониҳои гуногунро, аз ҷумла сабти таваллуд дар хориҷа ва додани шиносномаҳоро пешниҳод мекунад. 

Сафорати ИМА дар ш. Душанбе хизматрасониҳоро роҷеъ ба дарёфти раводидҳои ғайримуҳоҷиратӣ дар соли 2006 шурӯъ карда, даҳҳо ҳазор аризаҳоро баррасӣ кардааст.  Бо илова намудани ба расмият даровардани раводидҳои муҳоҷиратӣ, Сафорати ИМА акнун маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои консулиро ба шаҳрвандон ва сокинони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.