Ҳукуматдорони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон азм доранд ду қуллаи баландро дар ин вилоят ба ифтихори шоирони маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат ва Мирсаид Миршакар номгузорӣ кунанд. Дар ин бора аз ҳукумати ВМКБ хабар медиҳанд.
5 майи имсол аз таваллуди Мирсаид Миршакар 110 ва 20 май аз таваллуди Муъмин Қаноат 90 сол мегузарад.
Пешниҳоди ба номи ин ду Шоири халқии Тоҷикистон ва зодаи Бадахшон гузоштани ду қуллаи баланд дар ҷаласаи Пажуҳишгоҳ илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров аз сӯйи рӯзноманигор Қурбони Аламшоҳ ба раиси вилоят Алишер Мирзонабот пешниҳод шудааст.
Ғолиб Ниятбеков, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ, гуфт, ки раис пешниҳодро қабул кард. Барои мувофиқа ба ниҳодҳои масъул пешниҳодро манзур карданд. Акнун ин масъала бояд дар ҷаласаи маҷлиси вакилони халқи вилоят баррасӣ шавад.
Манбаъи мо гуфт, ҳоло маълум нест, ки кадом қуллаҳо ба номи ин ду шоири хушном гузошта мешвад ва инро маҷлиси вакилони халқи вилоят маълум хоҳад кард.
Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон бо нашри як матлаб дар Фейсбук аз номгузорӣ шудани ду қулла ба номи ин ду шоир истиқбол карда аз номи раиси иттиҳодия ба раиси ВМКБ изҳори сипос кардааст.
Ӯ навиштааст, ки "ин навид тамоми қаламкашони мамлакатро хурсанд карда, далели боризи қадршиносии роҳбари тозатаъйини вилоят аз фарзандони баруманди ин сарзамини бостонии тоҷикон мебошад".
Муъмин Қаноат дар рушди адабиёти муосири тоҷик хадамоти шоистаеро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси раиси Иттифоқи нависандагон, раиси Кумитаи ҷумҳуриявии муҳофизати сулҳ, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дошт.
Устод Мӯъмин Қаноат узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон ва чанд дафъа вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
"Падар", "Мавҷҳои Днепр", "Суруши Сталинград",, "Тоҷикистон - исми ман", "Ситораи Исмат" ва "Масъуднома" аз ҷумлаи достонҳои Мӯъмин Қаноат мебошанд, ки ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ оварданд.
Устод Мирсаид Миршакар, аз шоирон ва драманависони хушноми дигари тоҷик аст, ки соли 1993 дар Душанбе аз олам даргузашт. Ӯ солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будаанд. Шоир соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тилоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. «Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста