Дар пайи як санҷиши гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илм дар вилояти Суғд маълум шудааст, ки сабаби асосии ҳозир нашудани омӯзгорони ҷавон ба мактабҳо дар баробари сабабҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамчунин пешниҳод нашудани имтиёзҳои фароҳамкардаи ҳукумати ҷумҳурӣ аз сӯйи ҳукуматҳои маҳалии шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Суғд будааст.
Гуфта мешавад, ки зимни тафтиш дар муассисаҳои таълимии вилояи Суғд ошкор гардид, ки ба 67 нафар мутахассиси ҷавон қарзҳои имтиёзнок ва ба 22 нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст, ки дарсадии ниҳоят кам мебошад. Ба истиснои шаҳри Хуҷанд (2 нафар), Исфара (1 нафар) ва ноҳияи Ашт (17 нафар) дар дигар шаҳру ноҳияи санҷидашуда ба мутахассисони ҷавон замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматӣ, замин барои кишту кор ва боғдорӣ дода нашудааст, - хабар додааст Дафтари матбуоти вазорат.
Гуфта мешавад, ки далели ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара ба ҳамин мушкил марбут будааст.
Раҳим Саидзода, вазири маориф аз ин шеваи кор изҳори нигаронӣ карда, дастур додааст, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат ин мушкил ва аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илм маълумот пешниҳод шавад.
Вазорати маориф мегӯяд, ки аз шумори мактабҳои санҷидашуда, танҳо дар мактабҳои ноҳияи Мастчоҳ 12 нафар муаллим намерасад.

Дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Суғд 23 ҳазору 948 омӯзгор (18668 зан) кор мекунанд. Аз шумора 20679 нафар маълумоти олӣ дошта 3269 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ дарс мегуфтаанд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола аз ҳисоби буҷаи давлат барои омӯзгорони ҷавон дар ҳаҷми 6 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок барои беҳ кардани шароити зисту зиндагӣ, аз ҷумла чорводорию занбӯрпарварӣ пешниҳод мегардад. Ин имтиёзи давлатӣ ҳамасола барои 333 омӯзгор дар сар то сари кишвар пешбинӣ гардидааст.
Тавре қаблан Вазорати мориф ва илм ба «Азия-Плюс» хабар дода буд, ба мутахассисони ҷавон ғайр аз қарзҳои боимтиёз ҳамзамон бидуни навбат ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтани хонаи истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар ҳамоҳангӣ бо ҳукуматҳои маҳалл ва шуъбаҳои маориф дода мешавад.
Вале, бархе омӯзгорон бар онанд, ки аз имтиёзи мазкур, ки барои беҳтар намудани зиндагӣ пешбинӣ гардидааст огаҳӣ надоранд.
Дар Вазорати маориф ва илм низ иқрор шуданд, ки ин қарзҳои имтиёзнок барои ҳамаи омӯзгорони ҷавони ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст, аммо фаъолияти шуъбаҳои маориф дар ин самт суст роҳандозӣ шудааст. «Бештари шуъбаҳои маориф ба омӯзгорон ин имтиёзро пешниҳод намекунанд ва омӯзгорон аз ин имтиёз бархурдор нестанд. Яъне таблиғу ташвиқ дар ин самт кам аст», - гуфта буданд дар Вазрати маориф.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста