Тоҷикистон ва Олмон парвозҳои мунтазамро барқарор мекунанд. Парвози аввал рӯзи 6 июн бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе дар назар аст.
“Бо дастури президенти Тоҷикистон мо тадриҷан парвозҳоро тариқи хатсайрҳо ба кишварҳои хориҷи дур барқарор карда истодаем. Бо Олмон барои барқарор намудани парвозҳо ба мувофиқа расидем. Ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҷиҳати анҷоми парвоз бо хатсайри нави Душанбе-Мюнхен иҷоза шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон омода буд, ки алоқаи ҳавоиро ҳанӯз соли 2021 барқарор кунад, лекин Олмон тасмим гирифт, ки имсол фазояшро боз мекунад.
“Дар аввал ҳафтае 1 парвоз пешбинӣ гардида, минбаъд бо назардошти талаботи мусофирон, шумори хатсайрҳо зиёд карда мешавад”, - гуфт манбаъ.
Аз ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ хабар доданд, ки ба иҷрои парвозҳо ба Мюнхен оғоз мекунанд.
“Шурӯъ аз 6 июн парвозҳо бо хатсайри Душанбе-Мюнхен-Душанбе ҳафтае як маротиба - рӯзҳои душанбе иҷро карда мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе - соати 06:00 ва аз Мюнхен - соати 11:30 бо вақти маҳаллӣ муқаррар карда шудааст”, - омадааст дар хабар.
Ширкат зикр мекунад, ки парвозҳо бо ҳавопаймоҳои навъи Boeing 737-900 анҷом дода шуда, бо таърифа ва шартҳои он мусофирон аз сомона ё Маркази хидматрасонӣ (Call-центр)-и ширкат маълумоти муфассал дарёфт карда метавонанд.
Дар сомонаи расмии “Сомон Эйр” нархи билет ба парвози пешбинишуда дар эконом-класс 427 евро (5 ҳазору 215 сомонӣ) ва бизнес-класс - 607 евро (7 ҳазору 414 сомонӣ) зикр шудааст. Билетҳои бозгашт дар эконом-класс 492,52 евро (6 ҳазору 9 сомонӣ) ва бизнес-класс - 672,52 евро (8 ҳазору 208 сомонӣ) нарх доранд.
Ёдрас мекунем, ки то замони пандемия “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба Олмон бо хатсайри Душанбе-Франкфурт парвозҳо анҷом медод.
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷаррроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Тоҷикистон ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
“Рӯз аз рӯз вазъ бадтар”. Чаро ва чӣ гуна Русия фаъолияти муҳоҷиронро маҳдуд мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳамсари дузди бадкор”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2025
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста