Ҳанӯз соле пеш дар робита ба тоҷикони муваффақе, ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд, маводе омода карда будем. Ҳангоми ҷустуҷӯй ва коркарди он ғоибона бо тоҷикони зиёде ошно шудем ва дар бораашон маълумот дарёфтем. Онҳо дар тамоми гӯшаву канори дунё буданд ва ҳамеша миллати тоҷик ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекарданд.
Тақрибан моҳе пештар, яке аз ҳамкасбони хубамон хабар дод, ки Маҳбуба Шоҳсафулло, яке аз мубаллиғони фарҳанг тоҷикон дар кишвари пешрафтаи ҷаҳон – Ҳоланд, роҳбари Анҷумани байналмилалии тоҷикони ин кишвар – “Сомониён” чанд рӯз меҳмони Тоҷикистон мешавад. Чун ин кишвар фарсахҳо аз Тоҷикистон дур асту мо дар бораи тоҷикони муқими он иттилоъи кам дорем, тасмим гирифтем, бо эшон суҳбат намоем.
Нахуст, аз хонум Маҳбуба пурсидем, ки чӣ гуна ба эшон даст дод, дар кишвари дур Анҷумани тоҷикони Ҳоландро таъсис диҳанд ва дар ин кор ӯро кӣ ҳамроҳӣ кард?
– Соли 1986 ҳамроҳи шавҳарам аз Тоҷикистон ба Русия рафтем. Шавҳарам ба ҳайси муаллим дар ин кишвар кор мекард ва чандин китобҳо ҳам нашр намуд, ки то ҳол донишҷӯён аз онҳо истифода мекунанд. Ҳамин тариқ, бо амри тақдир соли 2013 ба Ҳоланд омадам. Рафтанам сабабҳои шахсӣ дошт. Ҳеч фикр намекардам, ки рӯзе онҷо сафар кунам. Ҳамин гуна инҷо мондам, аммо то ба ҳол шиносномаи Ҳоландро қабул накардам. Ман шаҳрванди Тоҷикистон ҳастам.
Соли аввал ман бо як бонуи эронӣ ҳамсуҳбат шудам ва ба ӯ лаҳҷаи ман хуш омад ва пешниҳод кард, ки дар радиои бародараш кор кунам. Ҳамин тавр ман дар муддати хеле кӯтоҳ тарзи кори барномае, ки бо он дар радиоҳо кор мекунанд, аз худ кардам. Дар 9 барномаи худ бо тоҷикони машҳур мусоҳиба омода ва дар радио пахш кардем.
Баъди ин, бо телевизиони минтақавии Амстердам ҳамкорӣ намудам. Ҳарчанд ин телевизион дар бораи зиндагиву фаъолияти аҳолии маҳаллии ҷанубу шарқи ин шаҳр филмбардорӣ мекунад, вале ман ҳамеша мекӯшам, ки тавассути он миллати тоҷикро муаррифӣ ва намояндагӣ кунам. Ҳатто дар бораи анъана ва тоҷикони шинохта муқими ин кишвар чанд барномаи телевизионӣ омода кардам, ки намунааш барнома дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти шоири тоҷик Шаҳзодаи Самарқандӣ аст.
Бояд гуфт, ки пеш аз ба Ҳоланд омадан ман таҷрибаи кор дар Анҷумани муҳоҷирони кории Русияро доштам. Тӯли чанд сол муовини президенти ин анҷуман будам. Ҳангоми фаъолият мо форум ва ҳамоишҳо мегузаронидем. Ҳатто ба парлумони Русия баъзе пешниҳодҳои худро манзур кардем, ки ба нафъи муҳоҷирони тоҷик буд.
Зимнан, дар куҷое будам, ҳамеша фикр мекардам, ки бояд миллати худро ба мардуми маҳаллӣ муаррифӣ кунам. Барои таъсиси Анҷумани фарҳангии “Сомониён” борҳо лоиҳаҳо пешниҳод мекардам, аммо қабул намешуд. Баъдан ба шаҳрдории Амстердам муроҷиат кардам ва хушбахтона кори мо осон гардид.
Мутаассифона, дар Ҳоланд дар бораи Тоҷикистон ва тоҷикон маълумоти хеле кам доранд. Ҳатто форсизабононе ҳастанд, ки намедонанд, тоҷикон бо забони форсӣ суҳбат мекунанд. Аз ин рӯ, барои муаррифии тоҷикон ва Тоҷикистон, намояндагии фарҳангии тоҷикон дар Ҳоландро ташкил намудем. Яъне мо ҳамчун пул миёни тоҷикон ва мардуми Ҳоланд ҳастем.
Баъди он ки ба Ҳоланд омадам, аз омӯзиши забон оғоз кардам. Бо вуҷуди он ки риштаи иқтисодро хатм кардам, вале муошират бо одамони гуногун ҳамеша бароям хушоянд буд. Вақте ба Ҳоланд омадам, фикр кардам, бояд коре кунам, ки мондагор бошад. Яъне фарҳанги худро ба мардуми Ҳоланд ва дигар бошандагони онҷо муаррифӣ намоям. Хушбахтона, бароям муяссар шуд, то дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Амстердам ин нақшаро амалӣ намоем.
Ҳанӯз дар соли 2015, пеш аз таъсиси ин анҷуман ба муаррифии фарҳанг ва миллати тоҷик оғоз кардам. Дар шаҳри Утрехт ба ифтихори ҷашни Наврӯз чорабинии калони фарҳангие доир гардид ва ман аз ҳар ҷое либоси тоҷикона ҷустуҷӯ намудам, то гулдухтарон ба бар карда, онҷо ба намоиш гузоранд. Ҳамчунин, аз як раққоси эронӣ хоҳиш кардам, ки рақси моро омӯзаду онҷо тоҷикӣ бирақсад. Ва боз бо гузоштани хӯрданиҳои зиёд мизи ҳафтшин низ омода намудем. Яъне бароямон аз ҳамон замон муяссар гардид, ки дар Ҳоланд аз миллати тоҷику фарҳангаш намояндагӣ кунем.
– Чуноне ки огоҳем, ин ташкилоти ҷамъиятӣ аст. Пас, дар масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ бо ҳеч мушкиле рӯ ба рӯ нашудед?
– Аслан не. Барои ман ҳам тааҷҷубовар буд, ки ин қадар осон тавонем анҷуманро таъсис диҳем. Мо бо кумаки як дӯсти панҷшерӣ, ки онҳо қаблтар онҷо анҷумани худро таъсис дода буданд, ойинномаи Анҷумани фарҳангиамонро навиштем. Баъдан ман бо масъулин суҳбат намудам ва хоҳиши худро гуфтам. Онҳо ҳуҷҷатҳои моро барои сабт равон карданд ва баъди даҳ рӯз мо соҳиби иҷозатномаи корӣ шудем. Равиши кори мо бидуни молиёт аст.
– Ба ғайр аз ташкили маҳфилҳои фарҳангӣ, анҷуман боз ба чӣ корҳое машғул аст?
– Мо онҷо фаъолияти сиёсӣ надорем. Аммо дар чорабиниҳое, ки шаҳрдорӣ бахшида ба ягон иду ҷашн ташкил мекунад, ҳамчун намоянда аз Тоҷикистон иштирок менамоем.
– Воқеан, чунин оморе дар даст доред, ки дар Ҳоланд чанд тоҷик кору зиндагӣ мекунад ва онҳо бештар ба чӣ корҳое машғуланд?
– Мо омори мушахас дар даст надорем. Дар ҳайати Анҷуман 600 нафар мебошанд. Дар маҷмӯъ тоҷикон дар Ҳоланд зиёд набуда, шояд то 3 ҳазор нафар бошанд.
Бештари тоҷикон дар ин кишвар машғули тиҷоратанд. Беъзе аҳли фарҳанг, яъне навозандагону оҳангсозону рассомон мебошанд. Миёни онҳо ҳатто муаллимони донишгоҳҳо низ ҳастанд. Аммо аксари тоҷикони Ҳоланд намехоҳанд худро бо мо шиносонанд. Онҷо ҳатто нафароне ҳам ҳастанд, ки мухолифи ҳукумати Тоҷикистонанд.
Боре аз бозор мегузаштам, ки чанд мард бо либосҳои сафеду риши дароз бо чеҳраи тоҷикӣ буданд ва бо забони тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Ман ҳеч фикр ҳам накардам, ки онҳо тоҷик бошанд. Аммо вақте ҳамроҳашон суҳбат кардам бо лаҳҷаи тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Баъдан фаҳмидам, ки онҳо тоҷиконе будаанд, ки ба ҳаракати салафия (фаъолияташ дар Тоҷикистон мануъ) будаанд.
Анҷумани мо бо чунин афрод робитае надорад ва инро худи онҳо низ намехоҳанд.
– Донишҷӯён ҳам ҳастанд ва онҳо дар кадом донишгоҳҳо ва дар кадом ихтисосҳо мехонанд?
– Бале, донишҷӯён дар донишгоҳҳои шаҳри Утрехт ва Роттердам ҳастанд. Ман боре бо як гурӯҳ духтароне, ки аз Конибодому Исфара барои таҳсил омада буданд, ҳамсуҳбат будам.
Бештари донишҷӯёни тоҷик дар ихтисосҳои иқтисодӣ ва забономӯзӣ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин, онҳо бо истеъдоду ҳунари худ дар озмунҳо низ ширкат мекунанд. Масалан, соли 2015 Ёсуман ном ҷавондухтаре аз шаҳри Турсунзода дар яке аз озмунҳои операсароӣ иштирок намуда, ҷойи аввалро ишғол намуд. Мо бо духтарони дигари тоҷик тариқи телевизион ӯро тамошо кардем ва чун онҷо парчами Тоҷикистонро дидем, ҳамагӣ аз ҷо бархоста садои шодӣ баланд кардем.
– Метавонед бигӯед, ки донишҷӯёни тоҷик тавассути кадом барномаҳо метавонад ба Ҳоланд раванд ва таҳсили илм кунанд?
– Дар Ҳоланд барномаҳое ҳаст, ки тариқи он донишҷӯёни ҳар давлат бо донишгоҳҳои онҷо ҳамкорӣ дошта бошанд. Онҳо метавонанд дар зинаи магистрӣ онҷо идомаи таҳсил кунанд. Ҳамчунин, метавонанд баъди хатми донишгоҳ нусхаи диплом ва чизҳои омӯхтаашонро ба онҳо фиристанд. Онҳо баҳогузорӣ намуда ба фиристандагон ҷавоб мегӯянд. Онҷо ҳастанд нафароне, ки бидуни маблағ метавонанд таҳсил кунанд. Яъне агар донишашон хуб бошад, чунин имконият барояшон дода мешавад.
– Шумо дар Тоҷикистон барномаҳои мушаххасе доред?
– Ман зиёд дар бораи он фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон барномае ташкил кунем ва ба воситаи он ба кӯдакони маъюбу дармонда ва ба мактабҳои вазъи баддошта кумак кунем. Аммо аз Ҳоланд гуфтанд, ки ман бояд инҷо сабт шуда бошам. Дар Тоҷикистон дар мавриди сабти ном ва ҳуҷҷатгузориҳо “бюрократия” зиёд аст. Ман воқеан аз ин мушкилиҳо зиёд нороҳат мешавам ва баъзан шикоят низ мебарам.
Мо ҳамчунин, як барномаи зебои дигар низ дорем, ки тавассути он китобҳои яке аз адибони хуби ҳоландиро, ки барои кӯдакони мактабхон пешбинӣ шудааст, тарҷума намуда, дар мактабҳо тақсим намоем. Мо бо нависандаи тоҷик Шаҳзодаи Самарқандӣ ҳамкории хуб дорем ва китобҳояшро борҳо дар намоишномаҳоямон ба маърази тамошо гузоштаем. Аз ин рӯ, тарҷумаи китобҳо ба дӯши ӯ аст. Акнун моро мебояд барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ он хонуми ҳоландиро даъват намоем ва ҳамроҳ бо ӯ китобҳоро муаррифӣ кунем. Ман доир ба иқдом бо ӯ тамос гирифта суҳбат кардам. Эшон розӣ шуданд. Аммо барои ин низ мушкил ҳамон аст, ки ман бояд инҷо сабти ном шуда бошам. Ман ин ҳадафро дорам ва ҳатман амалӣ хоҳем кард.
– Шумо дар мавриди “бюрократия” дар Тоҷикистон гуфтед. Назари Шумо ҳамчун як нафари дар хориҷбуда бобати сиёсати давлат чӣ гуна аст?
– Ман зиёдтар ба фарҳанг менигарам, на ба сиёсат. Албатта пешравиҳо зиёданд, аммо боз ҳам бояд баъзе чизҳоро тағйир дод. Бояд тариқи телевизиону барномаҳо чизҳоеро таблиғ кунанд то андешаю тарзи гуфтори ҷавонони мо тағйир ёбад. Онҳо хеле ғализ ҳарф мезананд. Пур аз дашному калимоти бегона. Болои ин бояд албатта кор бурда шавад.
Дар мавриди ҳуҷҷатгузорӣ барои ба қайд гузоштан низ баъзе қонунҳое ҳаст, ки ман бо онҳо розӣ буда наметавонам. Масалан, аз ман мехоҳанд то ман молиёт супорам. Аммо ман чӣ гуна маблағ супорида метавонам, дар ҳоле ки ман даромад надорам? Бинобар ин баъзе аз чунин қоидаҳоро аз миён бояд бардошт, то нақшаҳои ҳамин гуна анҷуманҳое, ки ҳадафашон ёрӣ додан ба мардум аст, амалӣ гардад.
– Мардуми Ҳоланд, хосатан ҳукуматдорони онҷо дар бораи Тоҷикистон чӣ андешаю тасаввурот доранд?
– Дар Ҳоланд дар бораи Тоҷикистон хеле кам медонанд. Вақте чанд сол пеш дар Тоҷикистон дучархаронони ҳоландиро қатл карданд, тасаввуроти онҳо нисбат ба ватанамон хеле бад шуд. Он солҳо ҳар касе аз ман мешунид, ки аз Тоҷикистонам агар ҳарфҳои бад ҳам намегуфт, аммо бо чеҳраи гирифта сӯям менигарист. Ҳарчанд, он сол мо аз он қурбониён ёд намудему ба мардуми Ҳоланд таъзия баён кардем.
Аз ин хотир, ман зиёд талош мекунам, ки онҷо зиёдтар дар бораи Тоҷикистон ҳарф занам. Ҳатто дар барномаҳои телевизионӣ низ бо либосҳои тоҷикӣ зиёд ширкат карда, дар бораи фарҳангу таомҳои миллиамон суҳбат мекунам. Ҳоло ният дорам, то аз Тоҷикистон барномае сабт намуда дар телевизиони минтақавие ки ҳамкорӣ мекунам, намоиш диҳем.
Барои муаррифии Тоҷикистон дар Ҳоланд бояд бо мо сафоратхонаи Тоҷикистон дар онҷо низ ҳамкорӣ кунанд. Зеро ман ҳангоми омода намудани ягон маҳфил зиёд заҳмат мекашам. Аз ҷиҳати молӣ басо танқисӣ дорем. Хуб мешуд то ин тарафи кори моро онҳо ба дӯш мегирифтанд.
Охирин бор Наврӯзро мо дар ҳамкорӣ бо ҳам таҷлил кардем, ки дар сатҳи хуб гузашт. Аз ин рӯ, чунин ҳамкориҳо агар зиёд бошанд, хуб мешавад.
– Оё тоҷикон дар ширкатҳои бузурги ҳоландӣ ва ё мансабҳое дар ҳукумати ин кишвар фаъолият мекунанд?
– Бале, масалан, ҳамватани мо Азиз Одилов дар яке аз ширкати ҳоландии Fangoo фаъолият мекунад ва зиёд фаъол низ ҳаст. Ӯ тӯли чанд сол аст, ки барои Анҷумани “Сомониён” ҳамчун сарпараст хидмат мекунад. Вақте ман баргузор кардани чунин маҳфилҳоро оғоз кардам, Азиз Одилов назди ман омад ва гуфт, Шумо дар танҳоӣ ин корро пурра иҷро карда наметавонед ва барои кумак ман дар каноратон ҳастам. Ин пешниҳодро бо хушнудӣ пазируфтам.
– То ҷое иттилоъ дорем, Анҷумани шумо барои нарши китоби "Ворух - девори Ватан" саҳм дорад. Воқеан ин кору заҳматталаб чӣ гуна ба шумо даст дод ва он чӣ гуна пазируфта шуд?
– Нашр ва таҳияи ин китоб идеяи Шаҳзодаи Самарқандӣ буд. Чун он ҳангом дар сафҳаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси марзӣ шадид сурат мегирифт, Шаҳзода гуфт, ки мо метавонем бо ёдоварӣ аз таърих собит созем, ки ин минтақа таърихан аз мо аст. Аз ин хотир ӯ эълоне навишт, то ҳар касе ки доир ба Ворух навиштаи таърихӣ ё таҳқиқие дорад ба мо пешниҳод намояд. Ҳамин гуна ин китоб нашр шуд. Анҷумани мо танҳо маросими рӯнамоии ин китобро баргузор карду халос. Аммо ин як китобе ҳаст, ки бояд дар Тоҷикистон паҳн шавад, ҳамчунин бо дигар забонҳо низ бояд тарҷума шавад. Шаҳзода ин ниятро дорад, аммо харҷи зиёдро талаб мекунад. Аз ин хотир агар барои ин низ аз ҷониби сафорат кумакҳое пешбинӣ мегардид биёр хуб мешуд.
Дар оянда мехоҳем бо Тоҷикистон ҳамкории амиқтар кунем. Ман мехостам, расонаҳои Тоҷикистон дар бораи бунёди мо - Анҷумани фарҳангии тоҷикони Ҳоланд - “Сомониён” ва чорабиниҳое, ки мо дар ин кишвар анҷом медиҳем, ҳарчӣ бештар иттилоъ нашр кунанд, то тоҷикон ва аҳоли Тоҷикистон огоҳ шаванд, ки чунин як анҷумане дар Ҳоланд низ фаъол аст ва онҳо метавонанд, роҳат ба ин кишвар сафар кунанд.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста