Ҳамаи мағоза ва нуқтаҳои савдое, ки шаби 1 июни соли 2022 оташ гирифтанд, аз ҳисоби соҳибмулки ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа” барқарор карда мешаванд.
Ҳайдар Шерхонзода директори ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа” ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки аз ҳисоби соҳибмулки ширкат ҳамаи мағозаву нуқтаҳои савдое, ки аз сӯхтор зарар дидаанд ба таври замонавӣ бозсозӣ шуда, ба соҳибкорон супурда мешаванд.
“Барои бартараф кардани оқибатҳои сӯхтор ҳам аз ҳисоби мақомоти иҷроияи шаҳри Бохтар ва ҳам аз ҳисоби худи ҷамъият ситод ташкил шуда, шабонарӯзӣ кор карда истодаанд. Мо мувофиқи нақшаи корие, ки тартиб додем, марҳилаи аввал тоза кардани мавзеъи зарардида аз партовҳо ва масолеҳи сохтмонии сӯхта, марҳилаи дуюм тахту ҳамвор карданро аллакай ба анҷом расонидем. Корҳои сохтмонӣ алакай оғоз ёфтааст. Ҳозир сохтмони ду ҳавзи об барои пешгирӣ аз сӯхтор оғоз шудааст.
Нуқтаҳои савдо ё ба қавле прилавкаҳоро мо аз бозори “Султони Кабир” харидорӣ хоҳем кард. Бозори “Султони Кабир” қисме аз болопӯшҳои оҳание, ки дошт ба фурӯш гузошта буд. Мо онҳоро харидорӣ кардем ва бо яке аз ширкатҳои сохтмонӣ шартнома бастем, ки ин болопӯшҳои оҳаниро аз бозори “Султони Кабир” кушода дар бозори мо васл мекунад.
Қисмати бинои ду ошёна, ки бештар мағозаҳо буданд аз ташхиси мутахассисон гузаронда шуд. Мувофиқи хулосаи ин ташхис қисмати сахт зарардидаашро иваз мекунем ва боқимондаашро барқарор карда ба соҳибкорон месупорем”, - Ҳайдар Шерхонзода.
Ба гуфти Ҳайдар Шерхонзода, алангаи сӯхтор аз ҶДММ “Ганҷина-3”, ки дар ҳамшафати бозор буд, сар задааст ва баъдан ба бозори “Фаровон-Қӯрғонтеппа” гузаштааст.
Барои соҳибкорон дар баробари барқарор кардани нуқтаҳои савдо ва мағозаҳояшон имтиёзи дигар ин аст, ки давоми 6-моҳ аз пардохти ҳама хизматрасониҳои бозор озод карда мешаванд.
“Дар ҷои мағозаҳои кӯҳнае, ки дар ин сӯхтор зарар диданд, яъне аз тарафи даромадгоҳи асосии бозор бинои замонавӣ сохта хоҳад шуд. Дар корҳои сохтмонӣ 20 адад техникаҳои зарурӣ аз ҳисоби ширкатҳои “Исмоили Сомонӣ асри 21”, ширкати “Рушди Хатлон” ва “Бозори Ҳоҷӣ Шариф” кор карда истодаанд.
Далели аслии сӯхтор дар бозори "Фаровон -Қурғонтеппа"-и Бохтар эълон шуд. Ошхонаи хуссусии "Ганҷина-3" манбаъи сӯхтор эътироф шудааст.
Нашрияи маҳалии "Набзи Бохтар" дар як гузоришаш аз ҷараёни ситоди шаҳрӣ дар мавриди сӯхтор дар бозори "Фаровон-Қӯрғонтеппа", ки 8 июн таҳти раёсати Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар баргузор шудааст, дар ин бора хабар додааст.
Ба навиштаи ин нашрия, дар ситоди шаҳрӣ гуруҳи тафтишотӣ эълон кардааст, ки сабаби сар задани сӯхтор хатҳои барқи ошхонаи хусусии "Ганҷина-3" шудааст, ки дар дохили бозор ҷойгир будаанд.
Ҳамчунин ин нашрия навиштааст, ки сӯхтор ҳаҷми 1,2 ҳазор метри мурабаъро фаро гирифта ба соҳибкорону соҳибмулкони бозор 3,2 миллион сомонӣ зарар расондааст.
3,2 миллион сомонӣ ҳисоб шудани зарар дар ҳолест, ки соҳибкорони зарардида дар суҳбатҳои хусусӣ аз зарари бештар диданашон суҳбат мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи сӯхтори шаби 1-июн растаҳои мағозаҳои техникаҳои маишӣ, либосҳои занона, мағозаҳои пояфзолу либосаи қиматбаҳо ба коми оташ рафтаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон ҳам 3 июн дар як хулосаи пешакӣ, сабаби сӯхтор дар бозори "Фаровон" - и шаҳри Бохтарро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ гуфта буд.
Дар хабарномаи ин ниҳод омада буд, ки сабабҳои аслии сар задани сӯхтор дар рафти санҷиши ҳаматарафа муайян карда мешавад.
Дар натиҷаи сӯхтори шаби 1 ба 2-юми июн дар ин бозор 12 тан захм бардошта буданд, ки вазъи як тани онҳо, соҳибкори 52-сола вазнин буд ва ӯ баъдан дар бемористон ҷон дод. Ин соҳибкор Муҳаммад Сафаров буд, ки ба гуфтаи табибон 90 дар сади баданаш сӯхта буд.