Шаҳрдории Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди Қурбон барои куштани чорво дар шаҳр танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудошуда иҷозат додааст. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе ба “Азия плюс” хабар доданд.

Забҳи чорво дар рӯзи Иди Қурбон дар ноҳияи Шоҳмансур дар маҳаллаи Бадахшон-2 кӯчаи Шукуҳӣ 44 иҷозат дода шудааст. Дар маҳаллаи Ховарон чорворо метавон дар  теппаи Шарқӣ минтақаи 7, маҳаллаи Чиноро-1 кӯчаи Назаршоев 374, маркази савдои Ховарон кӯчаи Айнӣ 259, маҳаллаи Фалакон, маҳаллаи Қуштеппа (1 Май), маҳаллаи Яккатут, маҳаллаи Чилмеҳроб забҳ кард.

Куштани чорво дар ноҳияи Фирдавсӣ мумкин аст: дар кӯчаи Қаҳҳорров (наздикии Фабрикаи шири “Саодат”), маҳаллаи Гулбутта, кӯчаи Мир-Алӣ  шаҳраки 42, кӯчаи Барбад назди бинои 64 (М/С Ганҷ) шаҳраки 62, кӯчаи Есенин - 47/2 маҳаллаи Қаротегин.

Дар ноҳияи Сино дар рӯзи ид ба куштани чорво дар кӯчаҳо Пахтакор 70, Тургенев 29, Наврӯз 280, Фурузон 162, дар маҳаллаи Роҳи нав-кӯчаи Раҳмон Набиев 292/2, кӯчаи Лермонтов 466, кӯчаи Ҳувайдуллоев 12 А, маҳаллаи Ҳаёти нав 74, Ҳаёти нав 313, маҳаллаи Меҳнатобод, Лучоби боло ва поён, маҳаллаи Арғувон-кӯчаи Шодоб 153, маҳаллаи Камонгарон- кӯчаи Ҳувайдуллоев 252, маҳаллаи Ҳисорак, маҳаллаи Панҷруд маҳаллаҳои Навободи боло ва поён, маҳаллаи Ҳамадонӣ кучаи Мехкалон 50 хонаи 27/3, Деҳи боло 222, маҳаллаи Шараф, маҳаллаи Меҳробод 2 гузаргоҳи Қубодиён 18 иҷозат дода шудааст.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ куштани чорво дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ-дар наздикии Маркази гармидиҳи - 2 (ТЭЦ)-и Душанбе иҷозат дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки аз соли 2007 то 2017, дар рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар пойтахт забҳи чорво қатъиян манъ буд. Аз соли 2017, шаҳрдори нави Душанбе Рустами Эмомалӣ дар дар ҷойҳои махсус ҷудошуда дар шаҳр ба қурбонии чорво иҷоза дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.