Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар гуфт, 42 зан ва 104 кӯдаке, ки чанд рӯз пеш аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, дар истироҳатгоҳҳои кишвар нигоҳдорӣ мешаванд ва зери назорати мақомот қарор доранд.
Қурбонзода имрӯз, 2 август дар нишасти матбуотӣ ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба он ки гуфта мешавад, бархе заноне, ки аз Сурия оварда шуданд, дастгир ва дар боздоштгоҳ қарор доранд, ҷавоби рад дод ва гуфт, ҳамаи онҳо дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Номбурда афзуд, ки дар масъалаи бозгардонии занону кӯдакон ду сол гуфтушунид идома дошт ва ахиран бо ташаббуси роҳбарияти давлат онҳо баргардонида шуданд,
“Аз ҷониби тамоми сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон, вазоратҳои маориф ва илм, танудурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки ба онҳо вобастаанд, гурӯҳи корӣ ташкил шуда, ин гурӯҳ қариб ҳамарӯза аз аҳволи онҳо хабар мегирад ва бо онҳо суҳбат мекунад”, - гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.
Ӯ эътироф кард, ки вазъияти равонии онҳо бад буда, баъди баргаштан дар минтақаҳои ҷангӣ ба онҳо вақт лозим аст, ки ба шароти имрӯза мутобиқ шаванд.
“Чунки солҳои зиёд онҳо дар дохили ҷанг буданд. Имрӯз ҳам аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи кор бо занон гурӯҳҳои кории ҳуқуқшиносон ва равоншиносон кор карда истодаанд. Як рӯз равоншиносони гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва рӯзи дигар равоншиносони Кумитаи кор бо занон ва оила бо онҳо кор карда истодаанд, - афзуд раиси кумитаи занон ва оила.
Қаблан, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд, ки, 146 зану кӯдаке, ки аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, пурра солиманд ва эҳтимол дар зерсохторҳои вазорати тандурустӣ ҷой дода шаванд.
Вазири тандурустӣ дар робита ба тақдири 84 кӯдаке, ки моҳи апрели соли 2019 аз Сурия ба Тоҷикистон оварда шуда, дар сохторҳои тобеи вазорат нигоҳдорӣ мешуданд, гуфта буд, ки онҳо дар 2 маркази дастгирии модару кӯдаки муассисаҳои Вазорати тандурустӣ нигоҳдорӣ мешаванд ва то ба ҳол ба наздиконашон дода нашудаанд.
“Вақте онҳо ба синни 7- солагӣ мерасанд, барои таҳсил ба Вазорати маориф ва дар синни 16-солагӣ барои касбомӯзӣ ба Вазорати меҳнат равона карда мешаванд”, – гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 25 июл 146 шаҳрванди Тоҷикистон (42 зан ва 104 кӯдак) тавассути парвози чартерии мустақим аз Сурия ба ватан баргардонида шуданд.
Гуфта мешавад, ки онҳо бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд ва ҳадафи асосии ин иқдом раҳо кардани кӯдакони тоҷик аз бесарнавиштӣ, баргардонидани онҳо аз диёри ғурбат ва ворид шуданашон ба ҳаёти осоишта дар кишвар мебошад.
Соли 2019 низ Тоҷикистон 84 кӯдакро аз Ироқ ба Тоҷикистон бозгардонда буд.
Ҳарчанд дар аввал гуфта мешуд, ки кӯдакон баъд аз як муддат ба хешовандонашон дода мешаванд, вале бо вуҷуди дархосту шикоятҳои онҳо, ҳанӯз кӯдакон дар ихтиёри мақомот ва дар парваришгоҳҳо қарор доранд.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста