Дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ шумори муҳоҷирони кории ба Русия воридшуда 3,12 млн нафарро ташкил дод, ки сеяк ҳисса аз соли гузашта бештар буда, нишондиҳандаи рекордии семоҳаи ҳадди ақалл дар шаш соли ахир аст.
Бино ба маълумоти шабакаи аудиторӣ-консалтингии FinExpertiza, ки дар ихтиёри хабаргузории ТАСС қарор гирифтааст, семоҳаи аввали ҳамин сол 4,16 млн хориҷиён дар маҳалли будубош худро ба қайд гузошта, 3,12 млн нафарашон ҳадафи сафарро кор зикр кардаанд, ки нишондиҳандаи рекордии семоҳа дар муддати тамоми давраи дастрасии омор аз соли 2017 мебошад.
Шумори муҳоҷирони корӣ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (2,34 млн нафар хориҷиён) сеяк ҳисса бештар будааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2022 теъдоди коргарони хориҷие, ки ба кишвар ворид шудаанд, 2,76 млн нафарро ташкил додааст. Дар баробари ин дар мавод таъкид шудааст, ки ҳадди ақали вуруди нерӯи кории хориҷӣ дар семоҳаи дуюми соли 2020 ба қайд гирифта шудааст, ки ин асосан ба маҳдудиятҳои карантинӣ вобаста буд. Он замон ба кишвар ҳамагӣ 330 ҳазор муҳоҷири корӣ ворид шуда буданд, яъне нисбат ба семоҳаи дуюми соли 2019 панҷ маротиба камтар. Рақами имсола бошад, аз нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия ду баробар зиёдтар аст.
“Ба ин пеш аз ҳама, болоравии ғайричашмдошти қурбии рубл таъсир расонд, ки дар натиҷа бозори меҳнати Русия барои хориҷиён ҷолибтар гардид, зеро даромади онҳо бо асъори хориҷӣ зиёд шуда, ҳаҷми интиқоли пулашон ҳам ба ватан афзуд”, - иброз доштааст президенти FinExpertiza Елена Трубникова.
Гуфта мешавад, нисфи тамоми муҳоҷирони корӣ (1,54 млн нафар ё 49,6 фоиз)-ро шаҳрвандони Ӯзбекистон ва тақрибан сеяки муҳоҷирони корӣ (52 ҳазор нафар ё 30,5 фоиз)-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил дода, 1,7% ё худ 54,2 ҳазор нафар ба кишварҳои пасошӯравии собиқ бо шумули Чин рост омадааст.
Ҳамчунин дар семоҳаи дуюм зодагони кишварҳои хориҷи дур аз Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Сербия, Олмон, Италия, Британияи Кабир, Фаронса, ИМА, Лаҳистон, Испания, Чехия, Руминия, Нидерланд, Бразилия, Юнон, Австрия, Канада, Словакия, Португалия, Шветсия, Финландия, Венгрия ва дигар кишварҳо низ барои кор ба Русия омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, семоҳаи дуюм бахусус вуруди муҳоҷирони корӣ аз Ӯзбекистон (ба миқдори 416,2 ҳазор ё худ 36,9%) ва Тоҷикистон (406,9 ҳазор ё худ 74,6%) афзудааст.
Ҳамчунин вуруди муҳоҷирон аз Озарбойҷон, Чин, Қирғизистон, Ветнам, Филиппин, Ҳиндустон, Таиланд ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ зиёд шудааст.
Қурби рубл нисбати сомонӣ то сатҳи бесобиқа тайи 9 соли охир поин рафт
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Охири фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон серборону сершамол мешавад
“Серпул, меҳрубон, масъулиятшинос…” Шавҳари идеалӣ аз нигоҳи сокинони Душанбе чӣ гуна аст?
Дар Тоҷикистон ҷувории худӣ намерасад. Барои харидани он миллионҳо сарф мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста