Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз 29 август қабули аризаҳоро барои додани шиноснома дар хориҷи кишвар бо муҳлати амалашон 10 сол ва дорои микрочип бо маълумоти биометрии соҳиби он муваққатан қатъ кард. Дар ин бора дар сомонаи сафорат хабар дода мешавад.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад, аз 26 август бо сабабҳои техникӣ дар тамоми кишварҳо додани шиносномаҳои насли нав - бо ҳомили (дорандаи) маълумоти электронӣ ва 10 сол муҳлати амал муваққатан қатъ мешавад.
“Дар робита ба зарурати бозсозии шакли ҳомили электронӣ, додани ҳуҷат муваққатан манъ шуд”, - омадааст дар маълумот.
Зикр мегардад, ки анҷоми расмиёти шиносномаҳои намунаи кӯҳна бо 5 сол муҳлати амал бидуни тағйирот идома меёбад.
Дар сомонаи сафоратхонаҳои Русия дар хориҷи кишвар дар бораи мутаваққиф шудани додани шиносномаҳои биометрӣ маълумот нашр шуд. Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки ин маҳдудият ба шаҳрвандони дар Русия қарордошта дахл дорад ё не.
Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова дар ин робита изҳор намудааст, ки ин тадбирҳо муваққатӣ буда, дигар кардани шакли он вобаста ба талаботи замони муосир дахл дорад.
Додани шинсонмаи намунаи нав дар Русия аз соли 2006 оғоз шуд. Аз шиносномаи кӯҳна онҳо бо доштани чипи маълумоти биометрӣ ва дигар маълумот дар бораи соҳиби он фарқ мекунанд.
Тибқи маълумоти ВКД Русия, дар Русия дар нимаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба шаҳрвандон 45% бештар шиносномаи хориҷӣ дода шудааст.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста